КОРХОНАҲОИ НАВИ КОРКАРДИ ТИЛЛО БУНЁД МЕШАВАНД

Январь 13, 2009 17:11

          Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-  Роҳбари сарраёсати геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ гуфт, ки мутахассисони  раёсат дар давоми соли гузашта ҳаҷми захираи тиллоро дар як кони ба тозагӣ ёфташуда, захираи як кони ангишт, се ҳавзаи ашёи хоми семент, 9 ҳавзаи гили махсус ва 14 ҳавзаи шағалу регро ҳисоб карда, нақшаи азхудкунии онҳоро ба Комиссияи давлатии захираи сарватҳои табиии ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд. Қайд гардид, ки, ки барои мавриди истифода қарор додани ин конҳо 18 корхонаи хурд ташкил карда шуд. Дар онҳо бештар аз 200 нафар кор хоҳад кард.         А. Иброҳим афзуд, ки  барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани тиллои  кони Покрӯд лоиҳаи сохтмони корхонаи нави саноатӣ тақрибан тартиб дода шудааст. Ширкати хориҷии  «Крейслер  ресершес» ва  ҷамъияти саҳомии  «Покрӯд»  барои сохтмони корхонаи нав маблағ ҷудо карданд. Таъкид шуд, ки дар кони мазкур захираи тилло хеле фаровон аст.       Азим Иброҳим афзуд, ки мувофиқи  дастури Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давоми соли 2008 ба 8 ширкат барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ 37 иҷозатнома ва  барои истифодаи обҳои зеризаминӣ 14 иҷозатнома дода шуд. Мутахассисони раёсат бори аввал китоби дарсии  «Асосҳои фулузотшиносӣ» — ро  барои донишҷӯён ба забони тоҷикӣ тарҷума карданд. 50 нусхаи китоби мазкур ба факултаи геологияи Донишгоҳи миллӣ тӯҳфа карда шуд.       Дар раёсат моҳномаи соҳавии «Ганҷ» таъсис дода шуд, ки  ба забонҳои тоҷикию русӣ чоп мешавад.

Январь 13, 2009 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад