КОРМАНДОНИ ГУМРУК ДАР СОЛИ 2008 91КГ 814 ГРАММ НАШЪА МУСОДИРА КАРДАНД
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008-ум 32 ҳолати интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ҷилавгирӣ карданд. Дар натиҷа 33 нафар боздошт карда шуд, ки аз ин 26 нафар шаҳвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, як нафар шаҳрванди Федератсияи Россия ва ду нафар шаҳванди Филиппин ва Уганда мебошанд. Таъкид кардан зарур аст, ки таҷрибаи боздошти шаҳрвандони Филиппин ва Уганда таҷрибаи ягонаи гумрукчиён мебошад, ки дар натиҷа он зиёда аз 37 килограмм маводи нашъаовар мусодира карда шуд.Дар ин давра мақомоти гумрук аз гардиши ғайриқонунӣ 91 кг 814 грамм маводи нашъадорро мусодира карданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






