КЎМАКИ ТИББИЮ САНИТАРӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Январь 27, 2009 15:12

              Душанбе, 27 январ. (АМИТ "Ховар", Ибодат Давлатова). — Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кўмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009 мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳия гардида, баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст, — қайд намуд зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов.              Ӯ қайд намуд, ки ҳамаи дастуру низомномаҳо ва ҳуҷҷатҳои лозимӣ оиди татбиқи Барнома ба 8 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ дастрас гардонида шуда, роҳбарону мутахассисони онҳо омўзонида шуданд.               Гурўҳӣ махсуси оид ба гузаронидани мониторинги рафти амалисозии Барнома дар шаҳру ноҳияҳои Данғара, Рашт, Спитамен, Турсунзода ва мониторинги рафти омодагиҳо барои аз аввали соли 2009 ворид намудани Барнома дар шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Сарбанд, Норак ва Шаҳринав таъсис дода шудааст.              Бо мақсади инкишофи минбаъдаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, истифодаи самараноки маблағҳои барои хизматрасонии беморхонавӣ ҷудо гардида, Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, таҳти № 407 қабул гардидааст.             Қобили қайд аст, ки таҷдиди сохтори тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти таҷдиди муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сохтори госпиталӣ қаблан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002, таҳти № 525 «Дар бораи тасдиқ намудани сохтори ташкилии муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ» оғоз гардида буд.              Дар доираи амалисозии қарори мазкур муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз сохтори беморхонаҳо ҷудо гардида, ҳам муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ҳам сохторҳои госпиталӣ мустақилият ба даст оварданд.        

Январь 27, 2009 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд