КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА БА ВАЗОРАТ ТАБДИЛ МЕЁБАД
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар». Мавҷуда Давлатзода). — Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳайбулло Латифов дирӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки кумита шояд дар оянда ба вазорат табдил дода шавад. Зикр шуд, ки мутахассисони кумита барномаи нави рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандиро барои солҳои 2009 — 2014 таҳия намуданд. Барномаи мазкурро Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ намуд ва амалӣ сохтани он аз ҳамин сол шурӯъ мегардад. Ба қавли раиси кумита, барномаи мазкур муттаҳид сохтани хадамоти гуногуни дахлдор, аз чумла, маркази ҳавосанҷӣ, назорати бехатарии корҳо дар саноати кӯҳкорӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ғайраро пешбинӣ менамояд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






