ЛОИҲАҲОИ ИНВЕСТИТСИОНИИ ТОҶИКИСТОН 5,2 МИЛЛИАРД СОМОНИРО ТАШКИЛ ДОД
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сабади лоиҳаҳои инвеститсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2008-ум 51 лоиҳаро ташкил дод, ки ба 16 соҳа равона шудааст. Ин нуқтаро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев зимни маърӯзааш дар ҳайати мушовараи кумита иброз дошт. Дар ҳайати мушовараи кумита масъалаи ҷамъбасти фаъолият дар соли 2008 баррасӣ ва вазифаҳо барои соли 2009 муайян карда шуданд. Фаррух Ҳамралиев афзуд, ки маблағи умумии лоиҳаҳои инвеститсионии Ҳукумати ҷумҳурӣ 5,2 миллиард сомониро ташкил дод, ки зиёда аз 3 миллиарди он сармояи мустақим мебошад. Дар ин давра Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати вусъат додани бахшҳои сармоягузорӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ ва рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ лоиҳаи як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шартномаҳои сармоягузорӣ бо сармоягузорони хориҷиро таҳия намудаааст, ки аксарияти онҳо қабул ва ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла, лоиҳаи реструктуризатсияи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр», ки аз ҷониби ҳукумат қабул гардид ва рӯзҳои наздик баланс ва оинномаи он тасдиқ мегардад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






