МӮҲЛАТИ ИҶРОИ БАРНОМА ДАРОЗ КАРДА ШУД

Январь 8, 2009 10:34

         Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Барномаи беҳтар сохтани вазъияти соҳаи маориф, ки онро Маркази идораи қарзҳо дар ин соҳа амалӣ месозад,  соли 2009 гузаронидани марҳалаи дуюми санҷиши малакаю маҳорат ва дониши талабагони синфҳои чорумро пешбинӣ менамояд.  ТИбқи барнома,имсол дониши талабагон дар 105 мактаби  12 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ санҷида мешавад. Бояд гуфт,ки ин мактабҳо усули нави маблағгузориро истифода мебаранд. Корманди  Маркази идораи барномаҳои қарзи соҳаи маориф  Парвиз Саидов ба мухбири АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  дар санҷиш бештар аз 2300 талаба иштирок хоҳад кард. Илова бар ин бо роҳи сӯҳбат бо роҳбарони мактабҳо, омӯзгорон ва  падару модарон ба вазъияти умумии соҳа баҳо дода хоҳад шуд.        Қайд карда шуд, ки  мувофиқи барнома, соли гузашта дониши 2225 талаба санҷида шуд. Умуман  мӯҳлати иҷрои барномаи беҳтар сохтани вазъияти соҳаи маориф то моҳи июли соли 2010 давом мекунад.

Январь 8, 2009 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад