МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН МУАЙЯН КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки соли ҷорӣ озмуни «Беҳтарин маҳсулоти Тоҷикистон»-ро доир намояд. Дар ин хусус, зимни нишасти матбуотӣ 19 январ, директори Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» Далаталӣ Ҳотамов ба доираи васеи хабарнигорон иттилоъ дод. Ӯ афзуд, ки ҳадафи аслии ташкил намудани ин озмун ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва ба ин васила афзудани ҳаҷми истеҳсолот, ғани гардонидани буҷаи давлат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад. Давлаталӣ Ҳотамов мӯътақид бар он аст, ки дар баробари зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ эҳтиёҷоти кишвар ба воридот низ кам мегардад. Аз ин рӯ, соҳибкоронро зарур аст, ки дар ин озмун фаъолона ширкат намуда, дараҷаи сифатнокии маҳсулоти хешро нишон диҳанд. Озмуни мазкур дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон – 9 сентябри соли равон ҷамъбаст мегардад.«Агентии «Тоҷикстандарт» омодааст, ки роҷеъ ба масоили сифатнокии маҳсулот, ҳам аз ҷиҳати техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ, ба соҳибкорон кӯмак намояд. Инчунин, дар китобхонаи Агентӣ маълумот оид ба 21 ҳазор намуди стандарт маҳфуз аст, ки соҳибкорон метавонанд аз онҳо бемамоният истифода баранд», — гуфт директори Агентии «Тоҷикстандарт».








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






