МАҶАЛЛАИ «ТОҶИКИСТОН» 70-СОЛА ШУД
Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Мрзия Саидова).- 28 январ аз таъсисёбии маҷаллаи ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии «Тоҷикистон» 70 сол пур шуд. Ба ин муносибат дар Вазорати фарҳанги мамлакат маҳфили эҷодӣ доир гардид, ки дар он кормандони маҷалла ва рӯзноманигорону муҳаррирони собиқи он иштирок доштанд. Аҳли эҷоди маҷаллаи «Тоҷикистон»-ро мушовири калони Президенти ҷумҳурӣ Мансур Сайфиддинов ва вазири фарҳанги мамлакат Мирзошоҳрух Асрорӣ табрик намуда, ба онҳо комёбиҳои беназири эҷодӣ таманно карданд. Бояд зикр кард, ки маҷаллаи «Тоҷикистон» ҳанӯз соли 1938 таъсис дода шуда, то соли 1956 бо унвони «Блокноти агитатор» нашр гардида, аз соли 1990 бо номи «Тоҷикистон» чоп мешавад. Аввалин муҳаррирони ин маҷалла Муҳаммадҷон Нурматов ва Абдусалом Деҳотӣ инчунин, Равшани Ёрмуҳаммад ва Амирхон Аҳмадхонов буданд. Ато Ҳамдам ва Басир Расо низ яке аз собиқ кормандони фаъоли маҷаллаи мазкур мебошанд. Тавре сардабири маҷаллаи «Тоҷикистон» Аскар Абдусамадов дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, бо вуҷуди баъзе мушкилот алҳол маҷалла дар ду моҳ як маротиба чоп шуда, доир ба масъалаҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат мақолаҳо нашр менамояд. Дар рӯзи 70-солагии маҷаллла як қатор кормандони эҷодии он бо Нишонҳои ифтихории «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






