МАБЛАҒҲО АЗ ҲИСОБИ ХУСУСИГАРДОНИИ МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи 5,19 миллиард сомонӣ 51 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки то имрӯз барои ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ бо кишварҳои дигар 21 созишнома таҳия ва пешниҳод шудааст, ки аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар тасдиқ гардид. Маврид ба ёдоварист, ки соли 2008 маблағи сармоягузории мустақими хориҷӣ 3 миллиарду 236 миллион сомониро ташкил дода, шумораи субъектҳои сабтшудаи соҳибкории хурду миёна ба беш аз 16,3 ҳазор баробар шуд. Соли 2008 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ 24,8 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2007 ба андозаи 923 ҳазор сомонӣ зиёд аст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






