МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТ САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДА ШАВАНД
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Соли гузашта ба буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ 5 миллиарду 300 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба соли 2007-ум 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Бо вуҷуди 106 фоиз иҷро шудани даромади умумии буҷет нақшаи 4 намуди андоз таъмин нагардид. Инчунин масъалаи бақияпулиҳо аз андоз, яъне қарздорӣ аз пардохти давлатӣ ҳанӯз пурра ҳалли худро наёфтааст ва баръакс сол то сол афзуда истодааст. Дар айни ҳол ҳаҷми умумии қарз аз андозҳо ва пардохтҳо дар мамлакат 506 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба аввали соли гузашта 120 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин рӯ, Сарвари Давлат ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук супориш дод, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба таъмин намудани иҷрои буҷети давлатӣ, пурра ворид кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






