МАБЛАҒИ ҚАРЗИ БЕРУНИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 26 ФОИЗИ МАБЛАҒИ МАҲСУЛОТИ У
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев дирӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба журналистон хабар дод, ки маблағи умумии қарзи берунии мамлакат то 1 январи соли 2009 1371,4 миллион доллари ИМА — ро ташкил намуда, ба 26,7 фоизи маблағи маҳсулоти умумии дохилӣ баробар гардид. Соли гузашта маблағи қарзи берунӣ 246,7 миллион доллари ИМА зиёд шуда бошад ҳам, нисбат ба маблағи маҳсулоти умумии дохилӣ 3,4 фоиз кам буд. Қайд карда шуд, ки соли 2008 барои баргардонидани қарзи берунии мамлакат 307 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Дар ин муддат аз ин маблағ 250 миллион сомонӣ пардохта шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






