МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БОЯД АЗ ТОҶИКИСТОН ДАРСИ ИБРАТ ОМӮЗАНД
Солҳои охир дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба масъалаи танзими расму оинҳо ва маъракаҳои миллӣ аҳамияти калон дода мешавад. Ман дар ин масъала тарафдори андешидани тадбирҳои маҷбуркунӣ ва истифодаи зӯроварӣ нестам. Зеро боварӣ дорам, ки чунин тадбирҳо хусусияти муваққатӣ дошта, дар ниҳояти кор самараи дилхоҳ дода наметавонанд. Вале давлат ва ҳукумат вазифадоранд, ки дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон тадбирҳои қатъӣ андешанд. Аз ҷумла онҳо бояд барои пешгирии оқибатҳои зиёновари иқтисодии расму анъана ва маъракаҳо чораҷӯӣ намоянд. Ба ақидаи ман, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яку ним сол пеш «Дар бораи танзими анъанаҳо, расму оинҳо ва маъракаҳо» қонун қабул карда, на танҳо хирадмандии иқтисодӣ нишон дод, балки шаҳрвандони қатории мамлакатро аз беҳуқуқӣ ва таассуби расму анъанаҳои зиёновар ҳимоя намуд. Имрӯз дар бораи натиҷаҳои пешакии ин иқдоми хирадмандонаи сардори давлати Тоҷикистон сухан рондан мумкин аст. Ба туфайли қонуни қабулнамудаи ӯ танҳо дар давоми соли 2008 бештар аз 35 ҳазор сар чорвои калони шохдор аз корди қассоб наҷот дода шуд. Аҳолии мамлакат аз ҳисоби камхарҷ гузаронидани тӯю маъракаҳои гуногун зиёда аз як миллиард сомонӣ ( зиёда аз 340 миллион доллари ИМА)- ро сарфа намуд. Ба қарибӣ Хазинаи байналхалқии асъор қарори пештараи худро дар бораи афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон тағйир дода, муқаррар намуд, ки маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ соли 2008- ум 7 фоиз афзудааст. Ба туфайли қонуни қабулшуда дар Тоҷикистон дар давоми як соли охир теъдоди издивоҷи ҷавонон 75 фоиз афзуд. Дар Қирғизистон вазъият ба куллӣ бар акс мебошад. Бисёр ҷовонони қирғиз бо сабаби бори гарони расму оинҳои миллӣ оила барпо карда наметавонанд. Зиёда аз ин, чи тавре ки тадқиқоти мутахассисони Швейтсария нишон медиҳад, аксарияти сокинони деҳоти Қирғизистон барои озод шуданашон аз бори гарони маъракаҳои миллӣ қаламрави мамлакатро тарк менамоянд.Ба истилоҳи дигар, бисёр қирғизҳо барои гузаронидани тӯю маъракаҳо маблағ наёфта, ба мамлакатҳои дигар кӯч мебанданд. Тоҷикистон ҳам то қабул шудани қонуни зикршуда дар ҳамин вазъият қарор дошт. Бояд гуфт, ки қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» гузаронидани маросими тӯй, дафн, хатнасур, ҷашнҳои зодрӯз ва ғайраро қатъан ба тартиб дароварда, ҳатто миқдори муайяни меҳмонон, миқдори мошинҳо ва теъдоди хӯроквориро зимни маъракаҳои ёдбуд муайян менамояд. Онҳое ки қонуни мазкурро иҷро намекунанд, ҷаримаи калон супорида , ҳатто ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Маҳз ҳамин аҳамияти оқилонаю замонавии қонунро бештар мегардонад. Дар баробари ин пардохти хароҷоти тӯю маъракаҳо аз ҳисоби давлат қатъан манъ карда, мансабдороне ки ба чунин иқдом даст мезананд, аз кор озод карда ва ҷазо дода мешаванд. Боварии комил дорам, ки Қирғизистон бояд ислоҳоти иқтисодиро маҳз аз қабули чунин қонун оғоз карда, онро мисли Тоҷикистон устуворона ва қотеъона амалӣ созад. Дар ин маврид самараи иқтисодии он нисбат ба мамлакати ҳамсоя бештар хоҳад гашт. Зеро хароҷоти тӯю маъракаҳо дар Қирғизистон нисбат ба Тоҷикистон хеле бештар мебошад. Гуфтан мумкин аст, ки айни ҳол дар Қирғизистон барои дафни шахси вафоткарда тақрибан сад ҳазор сом сарф карда мешавад. Ин нисбат ба хароҷоти тоҷикон ва ӯзбекҳои миёнаҳол ду баробар ва нисбат ба русҳо чандин баробар бештар мебошад. Дуруст аст, ки дар ин маврид қариб нисфи хароҷоти маъракаҳои мотамро дар Қирғизистон хешу таборон ба зиммаи худ гирифта, якҷоя чорво ё молу маводи дигари зарурӣ мехаранд. Вале инро кӯмаки бебозгашт номидан мумкин нест. Зеро шахси мурдадор вазифадор аст, ки дар мавриди зарурат онро баргардонад. Ман дар бораи аз меъёр хеле зиёд будани хароҷоти расму оинҳои миллӣ ҳанӯз дар солҳои аввали мустақил гардидани мамлакатмон мақолаҳо навишта будам. Дар кишварҳои дигари минтақа низ барои ба тартиб овардани расму анъанаҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Мақомоти Қирғизистон ҳам барои маҳдуд сохтани хароҷоти чунин маъракаҳо то андозае кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин бобат баъзе овулҳо ва ноҳияҳо ба комёбиҳои муайян ноил ҳам гардидаанд . Вале дар миқёси мамлакат бисёр тадбирҳои андешидашуда ва қарорҳои қабулгардида танҳо дар рӯи қоғаз боқӣ мемонанду халос. Имрӯз дар ҷамъияти мо мисли 20 сол пеш ақидае ҳукмрон аст,ки мувофиқи он бо вуҷуди аз ҳад зиёд будани хароҷоти тӯю маъракаҳои мотам, маҳз онҳо шаҳрвандони моро водор месозанд, ки бештару беҳтар кор карда, барои гузаронидани чунин маъракаҳо маблағ ҷамъ кунанд. Вале худи зиндагӣ ва нокомиҳои муттасили ислоҳоти иқтисодӣ равшан нишон медиҳанд, ки ақидаи мазкур комилан нодуруст аст. Мувофиқи таҳқиқоти Пажӯҳишгоҳи сиёсати иқтисодии «Мубоҳисаи Бишкек», шаҳрвандони Қирғизистон барои гузаронидани ҷашнҳои зодрӯз, тӯйҳо, маъракаҳои дафну ёдбуд маблағеро сарф мекунанд, ки аз сеяк ҳиссаи маблағи Маҷмӯи умумии маҳсулоти дохилии кишвар зиёд аст. Маблағи мазкур аз сармоягузории умумии дохилӣ ду баробар бештар мебошад. Бо вуҷуди ин, коршиносон хароҷоти барзиёди тӯю маъракаҳоо ҳақ бароварданӣ шуда, даъво мекунанд, ки хароҷоти мазкур омили асосии рушди иқтисодиёт ва воситаи меъёри аз ҳад зиёди истеъмол мебошад. Яъне, мо ҳар қадаре ки бештар тановул кунем, маҷбурем, ки ҳамон қадар бештар заҳмат кашем. Коршиносон дар баробари ин илова мекунанд, ки оқибати чунин зуҳурот боиси маблағи ночизи пасандози аҳолӣ ва камбуди сармоягузории умумии дохилӣ мегардад. Онҳо дар ин масъала хулосаи дуруст мебароранд, ки оқибати хароҷоти барзиёди тӯю маъракаҳо дар оянда имконияти рушди устувори иқтисодии мамлакатро барбод медиҳад. Ин зуҳуроти номатлуб дар амал ба ояндаи миллат таҳдид мекунад. Душмани асосии мо ва сабаби асосии қашшоқии мардум маҳз шавқу ҳаваси одамон ба гузаронидани тӯю маъракаҳои бодабдаба ва серодам, хароҷоти беҳудаи барзиёд ва хусусияти оммавӣ гирифтани чунин расму анъанаҳо мебошад. Боварӣ дорам , ки мо ин проблемаҳоро ҳал накарда, дар соҳаи ислоҳоти иқтисодӣ ба чизе ноил гардида наметавонем. Мафкураи аврупоӣ бо гузаронидани тӯю маъракаҳои бодабдаба ва намоишкориҳои шарқиёнаи мо ягон умумият надорад. Президенти Тоҷикистон ба сокинони мамлакат аниқу фаҳмо изҳор намуд, ки агар шароити зиндагии худро беҳтар ва мамлакатро обод карданӣ бошед, маблағҳои ҷамъ кардаи худро барои беҳбуди зиндагӣ ва самаранокии кори худ сарф кунед. Сарф кардани пул барои тӯю маъракаҳо ягон маъно надорад. Дар ин маврид, агар баъзе ҷузъиёти мафкураи миллии мо аз байн равад, ин танҳо ба манфиати халқу миллат мебошад. Ба ақидаи ман, қирғизҳо бояд дар масъалаи танзими расму анъанаҳои миллӣ ба тоҷикон пайравӣ кунанд. Агар онҳо чунин иқдомро пеш нагиранд, худашон, мамлакат ва фарзандонашонро дар вартаи зиндагии қашшоқонаю фақирона нигоҳ хоҳанд дошт.Замир Осоров, Мухбири «МСН» аз Қирғизистон (Тарҷумаи АМИТ «Ховар»).