МАНСАБДОРОНИ ЧИН СОЛИ НАВРО ХОКСОРОНА ҶАШН МЕГИРАНД
Пекин, 3 январ.(АМИТ «Ховар» — Кабар). – Мансабдорони Чин имсол иди Соли навро хоксорона ҷашн мегиранд. Дар ин бора Комиссияи марказии тафтиши интизоми Ҳизби коммунисти Чин қарори дахлдор қабул намуд. Мувофиқи қарори мазкур гузаронидани ҳар гуна зиёфатҳо, сафару саёҳатҳои тӯлонӣ ва ба ҳамдигар додани тӯҳфаҳои гаронбаҳо манъ карда шудааст. Ҳамаи ин тадбирҳо дар мамлакат дар доираи мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ андешида мешаванд, ки вақтҳои охир дар байни мансабдорон хеле авҷ гирифтааст. Роҳбарияти ҳизб бо назардошти аз кор маҳрум гардидани ҳазорон нафар одамон дар натиҷаи бӯҳрони молиявӣ аз норозигии мардум дар ҳарос мебошад. Иди Соли нав дар Чин яке аз идҳои асосӣ ба шумор рафта, ботантана таҷлил карда мешавад. Имсол мардуми Чин Соли Бақарро 26 январ ҷашн мегирад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






