МАВҚЕИ АСЪОРИ МИЛЛӢ УСТУВОР МЕГАРДАД

Январь 14, 2009 16:16

                                                                      Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-14 январ дар иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 тасдиқ гардид. Ин масъаларо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода шарҳ дода гуфт, ки самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 ба рушди  устувори иқтисоди миллии кишвар нигаронида шудааст. Яке аз самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ин устувор намудани мавқеи асъори миллии ҷумҳурӣ — сомонӣ дар муомилот мебошад.        Тавре Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода зикр кард, ҳар як давлати мустақил дорои асъори миллӣ аст. Бояд дар хизматрасонӣ, яъне муомилот танҳо пули миллӣ истифода шавад. Аммо дар хариду фурӯш дар аксар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон асъори хориҷӣ истифода мешавад, ки ин ба манфиати кишвари мо нест.         Агар мо тавонем, ки мавқеи гардиши асъори миллиамонро устувор ва зиёд гардонем ва мавқеи гардиши асъори хориҷиро кам, афзуд. Ш. Раҳимзода, дар ин маврид асъори хориҷӣ аз кишвар бароварда шуда, дар ивазаш ба ҷумҳурӣ мол ворид мегардад.       Ба андешаи Раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ вазифаи сохторҳои қудратӣ ин аст, нагузоранд, ки дар қаламрави мамлакат хариду фурӯши мол бо асъори хориҷӣ сурат гирад. Бигузор асъори хориҷиро шаҳрвандон дар бонкҳо гузоранд, ё ҳамроҳи худ дошта бошанд,  мегӯяд Ш. Раҳимзода,  ё ҳангоми сафар ба хориҷа истифода кунанд, вале ҳангоми хариду фурӯши мол онро дар нуқтаҳои асъоривазкунӣ ба пули миллӣ иваз намуда, сипас моли дилхоҳашонро харидорӣ кунанд. Чунин тарзи истифодаи пули миллӣ дар аксар кишварҳои дунё ҷорӣ буда, он омили устувории асъори миллӣ гардидааст.

Январь 14, 2009 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид