МАВҶИ ЗИЛЗИЛА ДАР МАМЛАКАТҲОИ ШАРҚ
Ҷакарта, 4 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Ҳафтаи гузашта дар баъзе мамлакатҳои қисмати ҷанубу шарқии Осиё силсилаи тӯфонҳои баҳрӣ ва зилзилаҳои хурду калон ба қайд гирифта шуд. Айни ҳол хавфи паҳн шудани тӯфони баҳрӣ дар минтақаҳои Шарқи Дур аз байн рафтааст. Шабонарӯзи гузашта соҳилҳои ҷанубии Ҷопонро мавҷи баландиаш 40 сантиметраи тӯфони баҳрӣ фаро гирифт. Мавҷи мазкур дар нимароҳ хомӯш гашта ба ҷазираҳои шимолӣ нарасид. Айни ҳол эҳтимоли ба ҷазираҳои Курил, ҷазираи Сахалин ва нимҷазираи Камчатка расидани мавҷи тӯфон вуҷуд надорад. Субҳи рӯзи якшанбе дар Ӯзбекистон замин ҷунбид. Қувваи он дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Андиҷон ва Тирмиз ба се балл мерасид. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, маркази зилзилаи мазкур дар кӯҳҳои Ҳиндукуш воқеъ гардида буд. Қувваи он дар марказаш қариб 6 балро ташкил дод. Хабар дода мешавад, ки дар Ӯзбекистон 29 декабр низ зилзила ба амал омад. Қувваи он дар Тошканд 2 балл ва дар Самарқанд 3 балл буд. Рӯзи гузашта дар қисмати шимолу шарқии Покистон замин бо қувваи 5,9 балл ҷунбид. Хабарҳо дар бораи харобиҳо ва қурбониёни зилзила тафтиш карда мешаванд. Зилзиларо сокинони шаҳрҳои Пешовар, Читрол, Лоҳур, Манчеҳра ва Музаффаробод ҳис намуданд. Хабар дода мешавад, ки дар баъзе минтақаҳои Покистон хонаҳои похсагин хароб гардиданд. Одамон аз такрор шудани зилзила ҳаросида, шабро дар ҳавои кушод гузарониданд. Шаби гузашта дар вилояти Папуаи қисмати шарқии ҷазираи Гвинеяи Нав низ замин сахт ҷунбид. Дар ин ҷо хатҳои интиқоли барқ бар асари зилзила канда шуда, баъзе биноҳо зарар диданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






