МУҲОКИМАИ НАҚШАҲОИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Ҳайати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари бахшида ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодии палатаҳои тиҷоратию саноатии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзид, ки дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Семинарро Иттиҳоди соҳибкорону тоҷирони саросари Чин, Иттиҳоди кормандони корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои тиҷоратии Ухан, Кумитаи ҳизбӣ ва ҳукумати шаҳри Ухан ташкил намуданд. Дар семинар тақрибан 40 намояндаи палатаҳои тиҷоратии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Муғулистон, Чин ва ғайра ширкат варзиданд. Сардори шӯъбаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Сайёра Абдуллоева дар семинар дар бораи вазъи иқтисодиёти Тоҷикистон ва нақши палата дар беҳтар сохтани шароити тиҷорат дар мамлакат сухан ронд. Иштирокчиёни семинар аҳамияти нақши соҳибкорони хусусиро дар рушди ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, омӯхтани таҷрибаи палатаҳои тиҷоратии соҳавӣ, истифодаи имкониятҳои рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва барои пешрафти иқтисодиёт истифода бурдани муносибатҳои тиҷоратиро муҳокима намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни семинар баъди анҷоми он бо фаъолияти баъзе корхонаҳои шаҳри Ухан шинос гардиданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






