МУҲОКИМАИ ПАРЛАМЕНТӢ ОҒОЗ ЁФТ

Январь 20, 2009 15:15

               Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар»). — 20 январ таҳти Раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Давлатов, бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони бархе аз вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат муҳокимаи парламентӣ оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» баргузор гардид.                Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, роҳбари гуруҳи корӣ Абдуманнон Холиқов дар назди иштирокчиёни ҷаласа баромад намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки зарурати қабул намудани чунин қонун, бо мақсади ба таври дақиқ ба низом андохтани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишварҳои аъзо, ҳанӯз соли 1995 дар доираи Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба миён гузошта шуда, Қонуни намунавӣ, ки характери тарбиявӣ дошт қабул гардида буд.               Дар асоси ин қонун дар як қатор давлатҳои Иттиҳод, аз ҷумла, дар Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Кирғизистон, Ӯзбекистон Туркманистон, Арманистон ва Белорус қонунҳо дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бори аввал соли 1998 Қонун дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардида буд, ки он то соли 2003 бо тағйиру иловаҳои дахлдор амал мекард. Вале сол ба сол ҳаёт масъалаҳои навро ба миён мегузорад ва дар баробари ин роҳи ҳалли онҳоро низ худ нишон медиҳад. Бо назардошти ин нуқтаҳо бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.            Омӯзиши пешакии лоиҳаи пешниҳодгардида, дар кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва аз ҷониби мутахассисони муассисаҳои илмии кишвар нишон дод, ки дар лоиҳа як қатор норасогиҳо ва ихтилофот ба назар мерасанд ва мақсади гурӯҳи корӣ пеш аз ҳама ислоҳ кардани чунин ихтилофҳо мебошад.            Ҳамчунин дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон вазири адлияи ҶТ Б. Худоёров, мудири шӯъбаи масоили назарияи ҳуқуқи муосири Донишгоҳи давлатӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ А. Неъматов ва дигарон баромад намуда, роҷеъ ба мақсад ва мундариҷаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» маърӯза намуданд.

Январь 20, 2009 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид