МУАРРИФИИ БОЗ ЯК КИТОБ АЗ ЗИНДАГИИ ИМОМИ АЪЗАМ

Январь 28, 2009 13:36

                 Душанбе,28 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- «Имоми Аъзам зиндагӣ, мазҳаб ва васоё»- таҳти чунин унвон дар нашриёти «Ирфон» китоби нави Фаридулло Убайдуллоев аз чоп баромад. Китоби мазкур бо дастгирии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам мураттаб шуда, таърихи зиндагонӣ, сурат ва сират, мазҳаб ва васиятномаҳои Имоми Аъзам Абӯҳанифаи Куфиро дар бар мегирад.                 Мақсади муаллиф ҳарчӣ бештар хонандаро бо чеҳраи ин Имоми ҷалилулқадр ошно кардан ва дар ин росто боло бурдани сатҳи тасаввуроти онҳо то андозаи шинохтани пешвои мазҳабии худ ва огоҳона аз ӯ пайравӣ намудан мебошад.                Китоби мазкур ба таври илмӣ- оммавӣ ва бо забони нисбатан содда таълиф гардида, аз худ кардани матолиби он ба осонӣ даст медиҳад.

Январь 28, 2009 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!