МУАССИСАҲОИ ТИББӢ ТАФТИШ КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ соли гузашта 281 муассисаи тиббӣ, дорухона ва корхонаҳои саноатии соҳаи тандурустиро тафтиш намуданд. Ҳадафи ин тафтишҳо риоя кардани қоидаҳои хариду фурӯши қонунии маводи нашъадор, моддаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо буд. Дар натиҷаи тафтишҳо се парвандаи ҷиноӣ кушода, барои бартараф сохтани камбудиҳои ошкоршуда 25 огоҳӣ дода шуд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр карда шуд, ки мутахассисони агентӣ ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо бо мақсади амалӣ сохтани барномаи давлатии пешгирии нашъамандӣ ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор дар Тоҷикистон нақшаи тадбирҳои профилактикӣ ва тарғиботиро онро барои солҳои 2008-2012 таҳия намуданд. Ин барнома дар 16 ноҳияи наздисарҳадии вилояти Суғд, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ амалӣ карда мешавад. Соли гузашта дар иҷрои барномаи мазкур бештар аз 17 ҳазор сокини маҳаллӣ ширкат варзид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






