МУЛОҚОТ ДАР ВКХ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири кабири Давлати муттаҳидаи шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Грэм Лотен бо сабаби анҷом ёфтани мӯҳлати сафораташ дар ҷумҳурии мо мулоқот кард. Дар чараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба ва ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир дар доираи созмонҳои минтақавию байналхалқӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо ва тадбирҳои марбут ба пешгирии оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






