МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО НАМОЯНДАИ МАХСУСИ ДАБИРИ КУЛЛИ СММ КАЙ ЭЙДЕ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон Кай Эйдеро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону давлатҳои манфиатдор дар мавриди мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон баррасӣ шуд. «Мушкилоти Афғонистонро танҳо бо назардошти омилҳои умумиминтақавӣ метавон бартараф намуд, аз ин хотир кӯмак ба Афғонистон бояд ҳамчунин аз тариқи мусоидат ба ҳамаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон расонда шавад», — таъкид намуд зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Истифода аз имконоти васеи иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла нақлиётӣ ва техникии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон наздики 1400 километр сарҳади умумӣ дорад, дар барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвари ҷангзада муҳим арзёбӣ гардид. Таҷрибаи сулҳсозии Тоҷикистон низ барои Афғонистон судманд маънидод гардид. «Дар сурати дастгирӣ ёфтан ва татбиқи босамари лоиҳаҳои энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва саноатии худ Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад Афғонистонро бо нерӯи барқ ва қисман бо маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маводи сохтмонӣ таъмин намояд», — бо эътимод таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон. Кай Эйде изҳор дошт, ки лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд ва беҳтарини онҳо албатта татбиқ хоҳанд шуд. Сарвари давлат ҳамчунин зикр намуд, ки айни замон Тоҷикистон метавонад ба Афғонистон дар омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқаш кӯмак расонад. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои ҳарбӣ сиёсии — Афғонистон, роҳҳои пурзӯр намудани мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






