МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТ БО САФИРИ БРИТАНИЯИ КАБИР

Январь 28, 2009 14:21

               Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев ). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафири нави фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур мулоқот кард.               Т.Мур баъди анҷоми мулоқоташ бо Президент зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон гуфт, ки мулоқот бо сардори давлати Тоҷикистон хеле муҳим буд ва пурмӯҳтаво гузашт. Дар ҷараёни он масъалаҳои муҳимтарини рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун муҳокима шуданд.               Аз ҷумла, ба масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаи гидроэнергетика ва коркарди сарватҳои табиӣ диққати калон дода шуд. Сафир зикр намуд, ки ҳамроҳи Президенти Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкории ҳар ду мамлакатро дар бобати мусоидат ба рушди Афғонистон баррасӣ намудааст. «Тоҷикистон метавонад дар ин масъала бо Британияи Кабир самарабахш ҳамкорӣ кунад. Зеро мамлакати Шумо дар бобати истиқрори сулҳ таҷрибаи калон дорад ва бо Афғонистон ҳамсояи наздик мебошад», — гуфт сафир.               Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сафири Британияи Кабир ва Президенти Тоҷикистон инчунин масъалаи беҳтар сохтани муносибатҳои ҷумҳуриро дар минтақа баррасӣ намуданд. Британияи Кабир имкон дорад, ки барои рушди иқтисодии Тоҷикистон кӯмак расонад. Ман ҳамчун сафир кӯшиш хоҳам кард, ки таҷрибаю дониши худро бо ин мақсад истифода барам, гуфт дар хотима Тревор Мур.                                                                                                                                     Тарҷумон — Қудратов А. 

Январь 28, 2009 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид