МУЛОҚОТИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ МИСР

Январь 26, 2009 16:08

                 Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар чорчӯбаи фаъолияти комиссияи байнидавлатии иқтисодии Тоҷикистону Мисри Араб имрӯз, 26 январ дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мулоқоти соҳибкорони ҳарду ҷониб доир гардид.                  Дар мулоқот соҳибкорони мисрӣ омодагии хешро оид ба ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик баён намуда, зикр карданд, ки онҳо метавонанд дар бахшҳои мухталиф, бахусус ташкили корхонаҳои муштараки дорусозӣ, коркарди нафту газ, табодул ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаҳои сохтмон ва энергетика ҳамкориро ба роҳ монанд.                 Инчунин, соҳибкорони тоҷик зикр карданд, ки дар шароити имрӯза, ки бо талошҳои бевоситаи Сарвари давлати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ фазои озоди сармоягузорӣ фароҳам аст, онҳо метавонанд ҷиҳати ҳамкории қавӣ бо ширкатҳои мисрӣ шартномаҳои дуҷониба барқарор кунанд.                 Дар фарҷом муаррифии озоди якчанд ширкатҳои мисрӣ ва тоҷикӣ миёни соҳибкорони ҳарду кишвар баргузор гардид.

Январь 26, 2009 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид