МУСОҲИБАИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМРО&

Январь 21, 2009 09:52

                 Екатеринбург бо вуҷуди душвориҳои вобаста ба бӯҳрон тайёриро ба мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай давом медиҳад. Мувофиқи Ҳуҷҷати хотимавии СҲШ, Раёсати он айни ҳол ба зиммаи Русия гузошта шудааст. Соли гузашта раёсати созмонро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда дошт. Айни ҳол дар назди мамлакатҳои аъзои СҲШ чӣ гуна вазифаҳо гузошта шудаанд, то имрӯз кадом масъалаҳо ҳал шуданд, ва ҳалли кадом масъалаҳо пешбинӣ карда мешавад? Мухбири «Накануне.Ру» роҷеъ ба нақшаҳои фаъолияти СҲШ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сӯҳбат кард.                Савол: Ҷаноби вазир, Шумо ба вазъи имрӯза ва муносибатҳои ояндаи дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва низомӣ чӣ гуна баҳо медиҳед? Ба ақидаи Шумо дар муносибати ин мамлакатҳо ягон проблемаи ҷиддӣ вуҷуд дорад ё не?                Ҳ.Зарифӣ: Ба ақидаи ман, вазъи воқеии ҳар гуна муносибатҳои дуҷониба на танҳо бо назардошти мавқеи ин ё он мамлакат дар низоми афзалиятҳои сиёсати берунӣ ва мавҷудияти манфиатҳои хайрхоҳона, балки бо назардошти муносибатҳои таърихӣ, таҷрибаи ҳамкории халқҳо ва омилҳои дигари фарҳангӣ муайян карда мешавад. Русия ва Тоҷикистон дар ҳамаи ин масъалаҳо таҷрибаи калон доранд. Равобиту муносибатҳои мамлакатҳои мо аз давраи ҳокимияти Романовҳо ва амирони Бухоро ибтидо гирифта, таҷрибаи бисёрсолаи дӯстии воқеии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамкории идомаёфтаистодаи байнидавлатии Тоҷикистону Русия боз ҳам бештар мустаҳкамтар мегардад. Имрӯз Тоҷикистону Русия ҳамчун давлатҳои мустақил бо ҳамдигар муносибат ва ҳамкорӣ доранд, ки сарфи назар кардани онҳо оқибатҳои ногувор дошта метавонад.                Муносибатҳои расмии мамлакатҳои мо аз ибтидо ҳамчун муносибатҳои шарокати стратегӣ ташаккул ёфта, имрӯз чӣ дар доираи ҳамкории дуҷониба ва чӣ дар доираи иттифоқу созмонҳои минтақавию байналхалқӣ торафт тақвият меёбанд. Федератсияи Русия дар системаи манфиатҳои мо мақоми махсус дорад. Ҳамкории мо тақрибан ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаҳои низомию сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро дар бар мегирад. Заминаи муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои мо мисли пештара ба воситаи мулоқоту сӯҳбатҳои боварибахшу пурмӯҳтавои сарони ҳар ду давлат тақвият ёфта ва ғанитар мегардад. Мо аз идомаи анъанаҳои неки сиёсати берунии Русия нисбати Тоҷикистон баъди Президенти Федератсияи Русия интихоб шудани Дмитрий Анатолевич Медведев қадрдонӣ мекунем. Умед аст, ки дар натиҷаи кӯшишҳои муштараки мо ин муносибатҳо мазмуну мундариҷаи нав пайдо карда, дар натиҷаи онҳо паймонҳои муҳимтарини қаблан ба даст омада, хусусан, дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар амал татбиқ гардида, захираю имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ самарабахштар истифода карда мешаванд.                 Тоҷикистон аз мамлакатҳои дигар бо он фарқ дорад, ки иттифоқчии вафодори Русия буданашро чӣ дар арсаи байналхалқӣ ва чӣ дар иқдомҳои амалии худ ҳамеша исбот менамуд ва менамояд.                  Ба ақидаи ман ҳамкорӣ дар соҳаҳои низомию сиёсӣ ва амният соҳаҳои асосии ҳамкории дуҷонибаи кишварҳои мо мебошанд. Дар ин масъала дар байни мо ягон проблема вуҷуд надорад. Чунин проблемаҳо дар соҳаи сиёсати байналхалқию минтақавӣ низ нестанд. Хусусияти тӯлонию устувори ҳамкории дуҷониба пеш аз ҳама бо омилҳои геополитикӣ, боқӣ мондани зуҳурот ва таҳдидҳо ба амният ва суботи вазъияти минтақа муайян карда мешаванд.                 Ман ин ҷо ташвиш ва мароқи умумиамонро барои ҳалли проблемаҳои Афғонистон ва вобаста ба ин ҳалли проблемаҳои гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, аз байн бурдани ифротгароӣ ва терроризм махсус таъкид хоҳам кард. Умумияти муносибатҳои мо дар ҳалли ин проблемаҳо чӣ дар сухан ва чӣ дар фаъолияти мушаххаси мо ифода меёбад. Зарурати ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон, ки дар ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ қонунӣ гардонда шудааст, ба ҳамин вобаста мебошад. Илова бар ин барои муқаррар намудани роҳу усулҳои ҳузури низомии Русия дар мамлакати мо машварат карда мешавад. Сабаби воқеии он ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавии таъкини амният, аз ҷумла СААД мебошад, ки ба туфайли он ҳамкории низомию техникӣ торафт бештар тақвият дода мешавад.                  Мо ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ аҳамияти калон медиҳем. Ман ин ҷо амалӣ сохтани барномаҳои бузургро дар соҳаи гидроэнергетика махсус таъкид карданиам, ки барои ҳамаи мамлакатҳои минтақа манфиати калон расонда метавонанд. Бояд гуфт, ки захираю имкониятҳои Тоҷикистон дар ин соҳа ниҳоят фаровонанд. Анҷоми сохтмони НБО Сангтӯда — 1 аллакай самараи дилхоҳ медиҳад, ба туфайли он ба системаи энергетики мамлакат нерӯи иловагӣ дода мешавад. Мамлакатҳои мо дар бобати бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ обӣ, инчунин ҷустуҷӯи газ ва бо маҳсулоти нафтӣ таъмин намудани Тоҷикистон ҳамаҷониба ҳамкорӣ мекунанд.                Дар баробари ин фаромӯш кардан мумки нест, ки маҳз гидроэнергетика солҳои охир ба соҳаи нозуки муносибатҳои мамлакатҳоямон табдил ёфтааст, зеро ширкатҳои бузург ва давлатҳои ҳамсоя ба ҳалли ин масъалаҳо ҷалб гардидаанд. Ин ҷо сухан дар бораи сохтмони НБО Роғун меравад. Қатъан изҳор менамоям, ки мавқеи Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар амал ва самарабахш истифода бурдани нерӯю имкониятҳои гидроэнергетики мамлакат мебошад. Инро сарвари давлати мо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудааст.Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи солҳои гузашта роҳу усулҳои гуногуни иштироки Русияро дар сохтмони нерӯгоҳи мазкур баррасӣ менамояд, зеро ширкатҳои Русия дар сохтмони ин иншооти бузург чӣ мустақилова ва чӣ дар доираи консорсиуми байналхалқӣ ширкат варзидан мехоҳанд. Ба ҳар ҳол, вақт нишон медиҳад, ки дар ин масъала интихоби кадом роҳу усул нисбатан дуруст ва самарабахш мебошад.                 Русия дар соҳаи технологияҳои олӣ яке аз сармоягузорони калонтарин ва соҳиби саҳмияҳои асосӣ дар соҳаи алоқаи телефонӣ мебошад. Ин мамлакат дар соҳаи алоқаи телефонии байниминтақавӣ нақши муҳим дорад. Мамлакатҳои мо вақтҳои охир дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ низ самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Амалӣ сохтани паймонҳои дар ин соҳа ба даст омада, аз ҷумла кушодани марказҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия ва марказҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон. Инчунин дар Тоҷикистон кушодани филиалҳои мактабҳои олии Русия ҳамкории моро бешубҳа боз ҳам ғанитар мегардонад.               Савол:. Соли гузашта мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе баргузор гардида буд, мулоқоти ояндаи онҳо дар Екатеринбург гузаронида мешавад. Шумо ояндаи фаъолияти СҲШ — ро чӣ гуна тасаввур мекунед, Дар бораи натиҷаҳои мулоқоти соли 2008 чӣ гуфта метавонед? Ба ақидаи Шумо дар мулоқоти Екатеринбург кадом масъалаҳо муҳокима карда мешавад?                Ҳ.Зарифӣ: Дар шароити имрӯза Созмони ҳамкории Шанхай яке аз созмонҳои калонтарини минтақавии давлатҳои Аврупою Осиё ба шумор меравад. Созмони мазкур давраи амалӣ сохтани нақшаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба сарҳад ва дар ин замина мустаҳкам сохтани боварию эътимодро дар минтақаи сарҳад аз Сар гузаронида. имрӯз барои давлатҳои аъзои он имкониятҳои навро муҳайё месозад. СҲШ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ худро ҳамчун маркази самарабахшу ояндадори ҳамкории ҳамаҷониба нишон дод, ки фазои боварию эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҷустуҷӯи роҳу усулҳои қобили қабули ҳалли проблемаҳои минтақавиро ёфта метавонад. Сохтори минтақавии зидди террористии СҲШ ҳамчун воситаи самарабахши ҳамоҳанг сохтани ҳамкории мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмон ва таъминоти иттилоотию таҳлилии он дар мубориза ба муқобили зуҳурот ва таҳдидҳои замони ҳозира торафт бештар фаъолтар мегардад. Гурӯҳҳои кории алоҳида ва тахассусии созмон дар соҳаҳои гуноуни фаъолияти он самарабахш кор мекунанд. Мунтазам машваратҳои роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои созмон гузаронида мешаванд.                Таҳлили нақшаю барномаҳои пешбиникардаи Нақшаи тадбирҳои иҷрои барномаи ҳамкории доманадори тиҷоратию иқтисодӣ анҷом ёфт, ки соли 2007 шурӯъ шуда буд. Сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои созмон моҳи окябри соли 2008 дар маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳо таҳрири нави Нақшаи зикршударо қабул карданд, ки бо назардошти мавқеи тарафҳо аз рӯи мӯҳлату дараҷаи баррасии барномаҳо ва мавҷудияти захираҳои моддию молиявӣ таҳия карда шудааст. Дар асоси таҳлили вазъияти ҳамкории иқтисодӣ соҳаҳои афзалиятноки ҳамкории давлатҳои аъзои созмон, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ муайян карда шуданд.                Айни ҳол муносибатҳо ва ҳамкории давлатҳои нодир дар СҲШ ба қадри кофӣ ба роҳ монда шудааст. Муқаррар намудани шаклу усулҳои ҷалби ин давлатҳо ба амалӣ сохтани нақшаю барномаҳои қабулнамудаи созмон мутассил давом дорад.                Гуфтан мумкин аст, ки ҳамкории давлатҳои аъзои созмон дар ҳамаи масъалаҳо ва самтҳои фаъолияти он хусусияти рушди доимӣ дошта, иттиҳод ва ҳамдилии мамлакатҳои аъзои созмон торафт мустаҳкам гардида, нақши он ҳамчун омили муассири сиёсати байналхалқӣ ва минтақавӣ бештар тақвият меёбад. Таъсири он ба амалӣ сохтани иқдомҳои муштарак ба муқобили зуҳурот ва таҳдидҳои замони ҳозира нақши муҳим мегузорад.                28 августи соли 2008 дар Душанбе мулоқоти ҳаштуми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он роҳбарони авали давлатҳои аъзо, инчунин Эрону Афғонистон, намояндагони Ҳиндустон, Муғулистон ва Покистон, созмонҳои байналхалқию минтақавӣ. Аз ҷумла ИДМ, СААД, ва намояндаи Муншии умумии СММ иштирок намуданд.                  Дар ҷараёни маҷлис, ки дар рӯҳияи анъанавии дӯстона, ҳусни тафоҳум ва амалӣ гузашт. Натиҷаҳои фаъолияти Созмон баъди мулоқоти Бишкек муҳокима гардида, самтҳои муҳимтарини фаъолияти он то маҷлиси ояндаи Шӯрои сарони давлатҳо ва солҳои оянда муаянй карда шуданд. Иштирокчиёни маҷлис мувофиқати куллӣ ё қаробати мавқеъҳояшонро аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда таъкид карданд, ки дар Эъломияи Душанбе инъикос карда шуд.                 Намояндагони ваколатдори давлатҳои аъзои созмон Созишномаро дар бораи тартиби ташкил кардану гузаронидани машқҳои муштараки зиддитеррористии давлатҳои аъзои созмон ва Созишнома дар бораи ҳамкории ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии аслиҳа . лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда имзо намуданд. Инчунин Меморандуми муносибатҳои асосии ҳамкории Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ ва бонки рушди Евразия имзо карда шуд.                 Сарони давлатҳо барои муҳайё сохтани имкониятҳои иловагии ҳамкории мутақобилан муфид бо мамлакатҳои манфиатдор ва созмонҳои байналхалқӣ Низомномаро дар бораи мақоми шарикони гуфтушунид бо СҲШ тасдиқ намуданд, ки моҳиятан, дар бобати вусъат додани равобити берунии Созмон ва ҷалби мамлакатҳо ва созмонҳо ба амалӣ сохтани нақшаю барномаҳои СҲШ иқдоми муҳим мебошад.                  Дар маҷлис ба ҳамкорӣ дар доираи СҲШ дар соҳаи таъмини амнияти Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин баҳои баланд дода шуд. Сарони ҳайатҳо дар маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи чоруми ҳунарии давлатҳои аъзои созмон ширкат варзиданд.                    Ба ақидаи ман, маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳо дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд ва мазмунан хеле ғанӣ буд. Сарони давлатҳо ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ баҳои баланд дода, ба ҷониби Тоҷикистон барои пазироии самимона ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуданд. Маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ соли 2009 дар шаҳри Екатеринбург баргузор мегардад. Имсол мувофиқи Ҳуҷҷати хотимавии СҲШ раёсати созмон ба зиммаи Федератсияи Русия гузошта шудааст.                    Зимни мулоқоти ояндаи сарони давлатҳо масъалаҳои равнақӯ ривоҷи минбаъдаи ҳамкории доманадор дар доираи Созмон муҳокима карда , роҷеъ ба прблемаҳои муҳимтарини минтақавию байналхалқӣ табодули назар карда хоҳад шуд. Ба ақидаи ман, мо бояд дар марҳалаи ҳозираи рушди созмон ба масъалаҳои ҳамгироии иқтисодӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоем.                   Инчунин густариш додани ҳамкорӣ бо давлатҳои нозир ба мақсад мувофиқ мебошад. Ба ақидаи ман дуруст мебуд, ки давлатҳои нозир ва ҳамсоя ба иштирок дар фаъолияти сохторҳои созмон ва амалӣ сохтани барномаҳое, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, бештар ҷалб карда шаванд. Дар ин бобат муқаррар намудани қоидаҳои аниқӯ фаҳмои ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ аҳамияти калон дорад.                  Мо ҳамчунин ба амалӣ сохтани нуктаҳои дахлдори Созишнома дар бораи дӯстӣ , ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории давлатҳои аъзои созмон умеди калон дорем. Созишномаи мазкур бояд ба вазъияти минтақа таъсири мусбат расонида , ба беҳтар сохтани шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамгироии мамлакатҳои аъзои созмон мусоидат намояд.                  Тавре ки маълум аст, ҷаҳони имрӯза босуръат тағйир меёбад ва матонату устувории моро санҷиданӣ мешавад. Бӯҳрони озуқаворию молиявӣ зилзилаҳои харобиовар ва зимистони қаҳратуни соли гузашта аҳамияти калони ҳамкорӣ ва мустаҳкам намудани муносибатҳои давлатҳои аъзои созмон ва самаранокии тадбирҳои муштараки онҳоро барои ҳалли проблемаҳои ғайричашмдошт бори дигар тасдиқ намуданд.                 Шубҳае нест, ки СҲШ ҳадафҳои дар Ҳуҷҷати хотимавии он муқаррарнамударо мутассил ва устуворона ба даст оварда, бо назардошти манфиати шаҳрвандони мамлакатҳои аъзои созмон масъалаҳои муҳимтаринро ҳаллу фасл хоҳад кард, ки аз созмон умедҳои калон доранд.                Савол: Шумо ба ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи муҳоҷират чӣ гуна баҳо медиҳед?.                Ҳ. Зарифӣ: Бале, дар ҳақиқат дар муносибатҳо воқеии Тоҷикистону Русия масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ вуҷуд дорад. Пӯшида нест, ки имрӯз ба ин масъала дар саҳифаҳои воситаҳои Ахбори оммавӣ бо сабаби хусусияти умумиинсонии он ва торафт бештар истифода шудани зӯроварӣ нисбати коргарони муҳоҷири тоҷик ва ҳалокати онҳо дар қаламрави Федератсияи Русия таваҷҷӯҳи калон зоҳир карда мешавад. Мо аз ин масъала изҳори ташвиш менамоем ва онро ҳамроҳи шариконамон аз Русия борҳо мавриди муҳокима қарор додаем. Мо умуман ба танзими ҷараёни муҳоҷират бо назардошти талаботи қонунгузорӣ ва муносибатҳои Русия ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳем. Ин масъала мисли пештара дар маркази диққати сарони давлатҳои мо, созмонҳои байниҳукуматӣ ва мақомоти дахлдори ҳарду кишвар қарор дорад. Уме даст, ки ҳарду ҷониб дар ин масъала қарорҳои қобили қабул бароварда метавонанд.                  Ба ақидаи манн ҷиҳати дигари ин масъала иқдомоти гайривоқеии баъзе воситаҳои ахбори оммавии Русия мебошад. Онҳо дар аксари мавридҳо масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро бо қочоқ ва харуфурӯши маводи нашъадор вобаста менамоянд. Кор то ҷое расидааст, ки баъзе нашрияҳо рӯирост изҳор мекунанд, ки ҳар тоҷики муваққатан дар Русия буда ҳатман камаш 10 грамм героинро барои «рӯзи мабодо» эҳтиёт карда мемонад ва дар мавриди зарурат онро фурӯхта корашро буд мекунад. Ин даъво комилан беасос буда, бешубҳа фармоишист. Онро баъзе воситаҳои ахбори оммавӣ ба манфиати ин ё он гурӯҳҳо ё шахсони манфиатдор истифода мебаранд. Ба ақидаи ман, ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъадор сарҳадро эътироф намекунанд. Дар матбуоти Русия зимни тасвири ин ё он воқеа ному фамилияи шахси муайян зикр карда намешавад, танҳо таъкид мекунанд, ки ин ҷиноятро «тоҷик» содир кардааст.  Бинобар ин дар Русия калимаи «тоҷик» бо маводи нашъадор ҳамрадиф гардидааст. Дар натиҷа имконияти таҳаммулнопазирии миллӣ имконият пайдо мекунад.                  Савол: Дар қаламрави Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-ум пойгоҳи низомии Русия ҷой дода шудааст. Ба ақидаи Шумо дар Тоҷикистон боқимондани пойгоҳи мазкур ягон зарурат дорад? Оё дар минтақа ҷой додани қитъаҳои маҳдуди низомии Русия аҳамияти худро гум накардааст?                Ҳ. Зарифӣ: Нақши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Барномаи таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ аниқ муайян карда шудааст, ки онро Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳия карда буд. Фаъолияти пойгоҳи мазкур ба мазмуну мундариҷаи созишномаю қарордодҳои мамлакати мо бо Русия пурра мувофиқат мекунад. Бояд гуфт, ки аз самти ҷануб ба минтақаи Осиёи Марказӣ хавфи эҳтимоли ҳуҷум таҳдид менамояд, бинобарин ҳузури низомии Русия дар ин ҷо ҳанӯз аҳамияти худро гум накардааст.                Дар баробари ин, тавре, ки зикр карданд, мо бо ҷониби Русия мақом ва тарзу усулҳои ҳузурӣ пойгоҳи низомии Русияро баррасӣ менамоем. Сарони давлатҳои мо зимни сафари расмии Президенти Русия Д. Медведев ба Тоҷикистон моҳи августи соли 2008 дар масъалаи боқимондани пойгоҳи низомии 201-ум ба таври шифоҳӣ паймон карда буданд. Айни ҳол ин масъаларо мақомоти дахлдори ҳарду кишвар таҳлилу баррасӣ менамоянд. Ба ақидаи манн ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон зарур аст ва пойгоҳи низомии он дар Тоҷикистон ба манфиати тамоми минтака мебошад. Фикр мекунам, ки гуфтушунидҳоро дар бораи мувофиқати фаъолияти пойгоҳи мазкур ба талаботи вазъият ва дигаргуниҳои минтақа ва ҷаҳон муттасил баррасӣ карда шавад.                Савол: Яъне пойгоҳи низомии Русия ба Тоҷикистон лозим аст?                Ҳ. Зарифӣ: Бале, бея гон шубҳа зарур мебошад.               Савол: Шумо зикр кардед, ки дар Русия бисёр вақт ҷиноятҳои содирнамудаи намояндагони миллатҳои дигар ба қайд гирифта мешаванд. Дар Тоҷикистон ҳам баъзан заҳуроти миллатгароӣ мушоҳида карда мешавад, дар саҳифаҳои баъзе нашрияҳои Тоҷикистон нисбати Русия ва русҳо ҳар гуна суханони қабеҳ гуфта мешаванд. Ба ақидаи Шумо, натиҷаи ин амалҳо чӣ гуна буда метавонанд ва ба ҳузури минбаъдаи низомиёни Русия чӣ гуна таъсир хоҳанд расонд.               Ҳ. Зарифӣ: Бо камоли масъулият изҳор менамоям, ки алҳол дар Тоҷикистон нисбати рӯйдодҳои Русия ягон вокуниши ҷавобӣ Рух надодааст. Аҳолии мамлакат орому осуда мебошад. Ман сӯҳбати падари ҷаворнеро, ки дар Маскав ба қатл расонида шуда буд, шунидам. Ҷинояткорон сари ҷавони тоҷикро бурида, ҷасади ӯро таҳқир намудаанд. Падари ҷавон мавқеи худро нисбати ин воқеаи мудҳиш оқилона баён намуд. Мо тамоми тадбирҳоро андешидем, ки зимни ба Душанбе бурдани ҷавони кушташуда ягон воқеаи ногувор рӯх надиҳад. Ба мо муяссар мешавад, ки вазъиятро таҳти назорат қарор диҳем.               Бо вуҷуди ин, мо бояд ҳамешав дар назар дошта бошем, ки ба ҳар гуна амали носавоб ҷавоби дахлдор дода мешавад. Ҳузури пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон ва амнияти коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия масъалаҳои ниҳоят ҷиддӣ ва муқаддасанд. Онҳоро ба манфиати ин ё он тараф ҳал кардан мумкин нест. Касе, ки ба ин иқдом даст мезанад, душмани мамлакатҳои мо мебошад.              Савол: Соли 2008 дар хотири бисёриҳо ҳамчун соли бӯҳрони шадиди ҷаҳонии молиявӣ нақш баст. Шумо ба оқибатҳои бӯҳрони мазкур барои иқтисодиёти Тоҷикистон ва умуман ба ҷараёни ҳамкории байналхалқии иқтисодӣ бо давлатҳои хориҷӣ чӣ гуна баҳо дода метавонед? Ба ақидаи Шумоо кадом роҳҳои бартараф сохтани бӯҳрон дар миқёси миллию минтақавӣ ва ҷаҳонӣ вуҷуд доранд?              Ҳ. Зарифӣ: Тоҷикистон ҷузъи ҷомеаи ҷаҳон ва иқтисодиёти ҷаҳонист, бинобарин, табиист, ки ноустувории системаи молиявии ҷаҳонӣ ба муносибатҳои молиявӣ ва сектри воқеии иқтисодиёт таъсир расонда, ба иқтисодиёти мамлакати мо низ таъсири муайян мерасонад.              Яке аз омилҳои таъсири манфии бӯҳрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон кам шудани ҳаҷми воридот аз содироти мол дар натиҷаи паст рафтани нархи ашёи хом мебошад. Зеро ҷумҳурии Шумо ба мамлакатҳои хориҷӣ асосан алюминий ва нахи пахта мефурӯшад. Тавре, ки маълум аст, нархи онҳо дар бозори ҷаҳон қариб 50 фоиз арзон шуд. Дар робита мо умедворем, ки давлатҳои мутараққӣ ва созмонҳои бйналхалқии молиявӣ барои пешгирии авҷ гирифтани бӯҳрон тадбирҳои зарӯрии сиёсӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ меандешанд.               Омили муҳими кам кардани таъсири манфии бӯҳрон ба иқтисодиёти минтақа равнақу ривоҷи тиҷорат мебошад. Зеро тиҷорат ба вусъати фаъолияти роҳҳои нақлиёт ва алоқа, инчунин истифодаи имкониятҳои транзитии минтақа вобаста аст. Мамлакати мо ба туфайли сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард бо мамлакатҳои дигар пайваст мешавад. Дар натиҷа мамлакатҳо Осиёи Марказӣ ба бандарҳои Халиҷи Форс ва уқёнуси Ҳинд роҳ меёбанд. Ин ба манфиати ҳамаи мамлакатҳо мебошад.               Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қариби дар Конфронси байналхалқии бахшида масъалаҳои рушди сармоягузорӣ дар Доҳа сухан ронда буд. Вай зикр намуд, ки « мамлакатҳои рӯ ба инкишоф бояд имкон дошта бошанд, ки дар ҷараёни қабули ҳои сомонҳои байналхалқӣ вобаста ба проблемаҳои ҷаҳонӣ ва рушди иқтисодиёти ҷаҳон ширкат варзида дар раванди идора ва иҷрои онҳо саҳми арзанда гузоранд».              Савол: Саҳми Тоҷикистон дар фаъолияти Иттиҳоди давлатҳои мустақил чӣ гунна аст? Ба ақидаи Шумо зарурати ислоҳоти ҷиддии он вуҷуд дорад?              Ҳ. Зарифӣ: 8 декабри соли 2008 ба таъсиси ИДМ 17 сол пур шуд. Бо ҳукми тақдир Иттиҳоди давлатҳои мустақил на танҳо воситаи ҳамгироӣ, балки воситаи ҷудо гардидани мусолиматомези мамлакатҳо, коҳиш ёфтани имкониятҳои бамиён гомадани бӯҳрони ҷиддӣ ва муноқиша гардид, ки натиҷаи воқеии пароканда гардидани ИҶСШ ва мустақил шудани давлатҳои собиқи шӯравӣ гардид. ИДМ аз ин нуқтаи назар вазифаи худро иҷро карда тавонист.Вале бонардошти оянда гуфтан мумкин аст, ки дар давраи мавҷудияти ИДМ заминаи ҷараёни ҳамгироии мамлакатҳо гузошта шуд. Бешубҳа нақши ИДМ дар муқаррар кардану ташаккул ёфтани заминаи устувори меъёрию қонунии муносибатҳо ва ҳамкории давлатҳо дар шароити нав ва ҳамоҳанг сохтани муносибати онҳо дар самтҳои асосии ҳамгироӣ хеле бузург мебошад.               Ҳамаи ин, дар навбати худ ба рушди устувори иқтисодиёти давлатҳои аъзо ва ташаккули минтақаҳои озоди тиҷорат, бо роҳи мувофиқа истифода бурдани навъҳои асосии нақлиёт, алоқа, муборизаи муштарак ба муқобили ҷинояткорӣ, инчунин зуҳуроти нав ва таҳдидҳо дар соҳаи амният, ба вуҷуд овардани фазои гуманитарӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва гайра мусоидат намуд.              Ҳамаи давлатҳои ИДМ зарурати онро ҳамчун воситаи ягонаи гуфтушунид ва муколамаи ошкорою омалӣ бо иштироки 11 давлат эътироф кардаанд.             Дар баробари ин қайд кардан лозим аст, ки тамоили рушди муносибатҳои ҷаҳонӣ ба фаъолияти ИДМ низ таъсир мерасонад. Мамлакатҳои ИДМ тӯли солҳои гузашта ба маънои томаш мустақил гардида, давлатдории худро мустаҳкам намуданд. Бо мурури замон фарқияти пешрафти иҷтимоию иқтисодии онҳо равшан зоҳир гардид. Таваҷҷӯҳи мамлакатҳои ИДМ ба ҷараёни аҳамияти умумӣ пайдо кардани проблемаҳои башарият, вусъат бахшидани равобити байналхалқӣ, равнақу ривоҷи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо мамлакатҳои дигар ва созмонҳои байналхалқӣ торафт бештар тақвият ёфт.                Дар чунин вазъият, худи зинадагӣ зарурати аниқ сохтани мантиқ, шакл ва роҳҳои ҳамгироиро вобаста ба шароити имрӯза бо мақсади афзун гардондани самараи ҳамкории мутақобилан муфиди давлатҳо ба миён гузошт, ки аъзои ИДМ мебошанд.               Дар ин бобат маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ нақши муайянкунанда бозид, ки 5 октябри соли 2007 дар Душанбе баргузор гардид. Дар ҳамин маҷлис Барномаи рушди минбаъдаи Иттиҳод ва Нақшаи тадбирҳои асосии татбиқи он қабул карда шуданд. Қабули ин ҳуҷҷатҳо, инчунин барномаи стратегии рушди иқтисодии Иттиҳод, ки Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ 14 ноябри соли 2008 дар Кишинов қабул карда буданд, марҳалаи сифатан нави фаъолияти Иттиҳоди давлатҳои мустақилро ифода мекунад, ки барномаи мукаммали тадбирҳои аввалиндараҷа ва самарабахшро ба даст овардааст.               Ба ақидаи ман, имрӯз дар соҳаи иқтисодиёт ба анҷом ёфтани ташкили фаъолияти ҳамаҷонибаи минтақаҳои озоди тиҷоратӣ бе ягон маҳдудият ва чораҳои маҷбуркунӣ анҷом додан зарур аст. Ҳамчунин марҳалаи аввали иҷрои барномаи стратегии рушди иқтисодиро таъмин бояд кард. Дар ин маврид зарур аст, ки баробари масъалаҳои дигари муҳим ба таҳияи пешниҳодҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт диққати махсус дода шавад.               Мутаассифона, айни ҳол дар масъалаҳои танзими байнидавлатии системаи энергетикии мамлакатҳои Иттиҳод мувофиқат вуҷуд надорад. Воситаҳои истифодаи муштараки самарабахшу оқилонаи захираҳои обу энергетикаи давлатҳо ва иштироки онҳо дар иҷрои барномаҳои сармоягузорӣ ба соҳаи гидроэнергетика истифода карда намешаванд.                Имрӯз дар Иттиҳод принсипи «муҳокимаи як масъала дар як сол» пеш гирифта шудааст. Соли 2008 ба масъалаҳои рушди захираю имкониятҳои транзитӣ ва нақлиётии ИДМ дар давраи то соли 2020 бахшида шуд. Соли 2009 соли энергетика эълон карда шуд. Уме даст, ки бо ин роҳ ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ин соҳо тезонида хоҳад шуд.              Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки ҷараёни ислоҳот ва такомули ИДМ давом дорад. Ин ба мо боварӣ мебахшад, ки модели ҳамгироии мувофиқи шароити замон муқаррар ва фаъолияти Иттиҳод муташаккилу самарабахштар хоҳад гашт.               Ҳаминро қайд карданиам, ки натиҷаҳои солҳои гузашта ва нақшаҳои ояндаи фаъолияти ИДМ нишон медиҳанд, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зарурат ва қобили амал буданашро исбот карда тавонист. Тоҷикистон боназардошти манфиатҳои Милли худ ҳамеша тарафдори ҳамгироӣ ва ҳамкории самарабахш дар доираи   Иттиҳод ба манфиати ободию шукуфоии ҳамаи давлатҳои аъзои ИДМ ва халқҳои онҳо буд ва мебошад.               Савол: Ба ақидаи Шумо, фаъолияти Ҷомеаи иқтисодии Евразия то кадом андоза самарабахш аст? дар бораи оқибатҳои хориҷ гардидани Узбекистон аз ин созмон чӣ гуфта метавонед?             Ҳ. Зарифӣ: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба масъалаҳои нигоҳ доштану ривоҷ додани ҳамгироии иқтисодӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди мамлакатҳо дар доираи Ҷомеаи иқтисодии Евразия аҳамияти калон медиҳад. Созмони мазкур 8 сол пеш таъсис ёфта буд ва дар ин муддат ба яке аз усулҳои самарабахши ҳамкории бисёрҷониба табдил ёфта, дар бобати ҷалби мамлакатҳои аъзо ба доираи равобити умумиҷаҳонии иқтисодӣ бо назардошти манфиати иқтисодиёти миллӣ шароити мувофиқ муҳайё месозад. Ба ақидаи манн ҷараёни ҳамгироии имрӯза дар доираи ҷомеа стратегияи оқилонаю саривақтии мамлакатҳои аъзои он буда, як навъ ҷавобест ба зуҳуроти замони ҳозира ва оқибатҳои аҳамияти умумибашарӣ пайдо кардани онҳо, ки ба манфиатҳои миллӣ зиён расонда метавонанд.              Қарори моҳи октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе қабулнамудаи сарони давлатҳои аъзои ҷомеа дар бораи гузариш ба марҳалаи нави нисбатан баланди ҳамгироӣ, яъне ташкили Иттифоқи гумрукҳо боз як мисоли равшани бештар такомул ёфтани созмони мазкур мебошад.              Дар давоми солҳои гузашта дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди мамлакатҳои аъзои ҷомеа барои бунёди заминаи қонунии ҳамкорӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ тайёр карда шуданд. Имрӯз дар доираи ҷомеа барномаҳои мақсадноки байнидавлатӣ дар бобати ташкили фазои воҳиди нақлиётӣ ва бозори умумии энергетикӣ, истифодаи самарабахши захираҳои обу энергетикаи Осиёи Марказӣ, рушди соҳаҳои илмию технологӣ, истифодаи технологияҳои навтарин, ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, инчунин ҳалли проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ таҳия карда ва тадриҷан амалӣ сохта мешаванд. Махсус бояд қайд кард, ки дар доираи ҷомеа ҳал кардани проблемаҳои мавҷудаи соҳаи иҷтимоию гуманитарӣ хеле муҳим аст. Зеро бе беҳтар сохтани шароити зиндагии аҳолии давлатҳо ба даст овардани ҳадафҳои ниҳоии кӯшишҳои муштарак дар масъалаи равнақу ривоҷи ҳамкории иқтисодӣ ғайриимкон мебошад.             Дар байни самтҳои стратегӣ ва иқдомоти мушаххас, ки Тоҷикистон дар бобати рушди устувори фазои ҷомеа саҳми арзанда гузоштанист- ин якҷоя бо давлатҳои аъзои созмон амалӣ сохтани барномаҳои энергетики мамлакат мебошад. Кӯшишҳои мо дар бобати ҳарчи зудтар анҷом додани сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ на танҳо ҳадафи бадаст овардани манфиатҳои бештари иқтисодӣ аз истифодаи захираҳои гидроэнергетики мамлакат, балки ҷидду ҷаҳди самимонаи мусоидат ба ҳалли проблемаҳои экологӣ камбуди об ва таъмини вазъияти босубботи минтақаи Осиёи Марказӣ аст.            Вобаста ба хориҷ гардидани Узбекистон аз узвияти Ҷомеаи иқтисодии Евразия гуфтаниам, ки ин ҳуқуқи комили ҳар давлати аъзои созмон мебошад. Боварӣ дорам, ки муносибатҳои дуҷонибаи мо бо Узбекистон дар оянда ҳам дар рӯҳияи дӯстию ҳусни ҳамҷаворӣ ва боварию эътимод ба ҳамдигар ривоҷ меёбанд. Агар дар бораи оқибатҳои хориҷ гардидани Узбекистон Сухан ронем, ба фикрам обрӯю эътибори Ҷомеа аз ин ҳеҷ гоҳ паст намегардад.            Савол: Тоҷикистон дар масъалаи ҳамкории минбаъда бо шарикони хориҷӣ дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ чӣ гунна нақшаҳо дорад?            Ҳ. Зарифӣ: Мо дар бораи иштироки Тоҷикистон дар фаъолияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сухан ронда, пеш аз ҳама ҳаминро ба назар мегирем, ки дар шароити ҳозира дар соҳаи мубориза ба муқобили зуҳурот ва таҳдидҳои нав проблемаҳои зиёди дорои хусусияти умумибашарӣ вуҷуд доранд.              Аминам, ки ягон давлат дар муборида ба муқобили терроризм ва қочоқи маводи нашъадор танҳо бо қувваю имкониятҳои худ ба мақсад расида наметавонад, алайҳи чунин зуҳуроти номатлуби замони ҳозира ва таҳдиди онҳо ба давлатҳои минтақа танҳо дар мавриди кӯшишҳои муштараки ҳамаи давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ мубориза бурдан мумкин аст. Имрӯз таҳдиди амалиёти терористӣ ва қочоқи маводи нашъадор воқеияти ҳаёти мо гардидааст.  Бояд гуфт, ки СААД рақиби НАТО набуда, ба муқобили он мубориза намебарад. НАТО барои мо созмонест, ки ба ҳалли масъалаҳои амният махсус гардонда шудааст. НАТО имрӯз дар бисёр давлатҳои собиқи шӯравӣ ҳузур дорад. Дар робита СААД ва НАТО ба туфайли тадбирҳои муштаракашон ҳамаи проблемаҳои амният, аз ҷумла проблемаи паҳн гардидани маводи нашъадори Афғонистонро нисбатан самарабахштар ҳал карда метавонанд. Вале, мутаассифона, НАТО аз нуқтаи назари идеологӣ ба ин тайёр нест.               Савол: Вазъияти Афғонистони бо Тоҷикистон ҳамсоя мисли пештара ниҳоят муташанниҷ боқӣ мемонад. Дар робита, Шумок адом роҳҳои беҳтар сохтани амнияти минтақаи Осиёи Марказиро авлотар мешуморед?               Ҳ. Зарифӣ: Амнияти минтақаи Осиёи Марказиро умуман ва амнияти Тоҷикистонро хусусан бе истиқрори сулҳи бардавом ва вазъияти босуботи Афғонистон таъмин кардан мумкин нест. Бинобарин, Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки ҷомеаи ҷаҳон ва Созмони милали муттаҳид дастгирии сиёсию башардӯстонаи Афғонистонро давом дода, ӯҳдадориҳои дарозмуддаташонро дар бобати барқарор сохтани иқтисодиёти ин мамлакат ба ҷо оранд. Бо мақсади рушди устувори Афғонистон ин давлатро ба ҳамкорию ҳамгироӣ барои ҳамкории минтақавии сиёсию тиҷоратӣ ва иқтисодӣ то ҳадди имкон бештар ҷалб кардан лозим аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдори иштироки фаъолонаи Афғонистон дар фаъолияти созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ, СҲШ, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва ғайра мебошад.                 Тоҷикистон тайёр аст ба амалӣ сохтани барномаҳои интиқоли қувваи барқ аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба Афғонистон, барқарор сохтан ва бунёд намудани иншоотҳо ва бунёди заминаи иқтисодии Афғонистон, пеш аз ҳама, роҳҳои тарнзитии байналхалқӣ ва роҳҳои оҳан мусоидат кунад. Дар ҳалли масъалаҳои амнияти мамлакат иштироки фаъолонаи СММ барои ташкил ва таълими артиши миллӣ, политсия ва сохторҳои дигари қудратӣ, зарур мебошад, ки дар оянда барои таъмини сулҳу суббот ва зинадгии осоишта дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварда метавонанд. Тоҷикистон, дар робита тайёр аст, дар доираи барномаҳои БОНКА ва КАДАП дар академияи марзбонони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо афсарони афғонро бо таҳсил фаро гирад, ки дар шаҳри Душанбе кӯшода хоҳад шуд. Тоҷикистон ҷанги дохилиро аз сар гузаронда аст ва дар бобати барқарор кардани сулҳу созгории миллӣ таҷрибаи калон дорад. Истифодаи ин таҷриба бо ширкати созмонҳои мӯътабари байналхалқию минтақавӣ, пеш аз ҳама СММ, инчунин давлатҳои ҳамсоя барои барқарор сохтани сулҳу амният дар Афғонистон фоидаи калон дорад. Яке аз сабабҳои фаъолияти камсамари қувваҳои низомии эътилофӣ дар Афғонистон набудани ҳамоҳангӣ ва ҳамовозии тарафдорони барқарор сохтани сулҳу суббот дар ин мамлакат мебошад. Бинобарин Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки таҳти сарпарастии Созмони ҳамкории Шанхай бахшида ба Афғонистон конфронси байналхалқӣ гузаронида шавад. Ҳар гуна қарор дар бораи Афғонистон бояд бо иштироки бевоситаи роҳбарон ва намояндагони ин давлат ва бо назардошти пешниҳодоти онҳо қабул карда шавад.                 Барои ҳалли проблемаҳои хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор кӯшишҳои муштараку самарабахши ҷомеаи ҷаҳон зарур аст.                  Проблемаи қатъ намудани интиқоли ашёи хоми истеҳсоли маводи нашъадор, пеш аз ҳама ангидриди кислотаи ишқор, ки дар худи Афғонистон истеҳсол карда намешавад, аз ҷумлаи проблемаҳоест, ки бояд ҷомеаи ҷаҳон ба он диққати махсус диҳад. Дар робита даъвати Президенти Тоҷикистонро дар бораи андешидани тадбирҳои қатъии дар масъалаи назорати ворид сохтани моддаҳои химиявӣ ба Афғонистон ёдовар шудан бамаврид аст.                 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади афзунтар сохтани самараи муборизаи муштарак ба муқобили ин зуҳуроти бадӣ пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази мубориза ба муқобили маводи нашъадор таъсис дода, мамлакатҳое, ки нақшаҳои стратегии Ҳукумати Афғонистонро дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор дастгирӣ менамоянд, ба фаъолияти он ҷалб карда шаванд.               Савол: Проблемаи амнияти энергетикии минтақа низ ҳанӯз аҳамияти худро гум накардааст. Лутфан бигӯед, ки дар Тоҷикистон чӣ гуна нақшаҳои сохтмони иншоотҳои бузурги энеогетикӣ, аз ҷумла НБО Роғун сохта мешаванд?              Ҳ. Зарифӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқати худро ба принсипҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории муттақобилан муфид барои ҳалли проблемаҳои истифодаи одилонаю оқилонаи захираҳои обу энергетикаи минтақа борҳо изҳор кардааст ва бори дигар изҳор менамояд.               Вале вақтҳои охир масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаю одилонаи захираҳои обу энергетикаи минтақаро бештар журналистон ва шахсоне мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ки дар соҳаи хоҷагии об мутахассис нестанд. Дар натиҷа дар муносибатҳои байнидавлатии обу энергетика вазъияти носолим ва баъзан бӯҳронӣ ба вуҷуд оварда мешавад ва аҳли ҷамъияти мамлакатҳои минтақа дар ин мавзӯъ иттилооти бардурӯғ, таҳриршуда ё ғаразнок мегиранд. Бинобарин дар байни мамлакатҳо нобоварӣ ба вуҷуд оварда мешавад ва хавфи беасоси аҳолӣ дар масъалаи сотмони обанборҳо ва нерӯгоҳҳо барқии обӣ дар шохобҳои дарёҳои Омӯ ва Сир ба миён меояд.   Мамлакатҳои поёноби ин дарёҳо аз он ба ҳарос меафтанд, ки дар мавриди сохтани обанборҳо маҷрои об дар маҳали зисти онҳо кам шуда, тартиби муқарраршуда ва ҳаҷми интиқоли об риоя карда намешавад. Вале дар амал ҳеҷ гоҳ ин тавр нест. Бояд гуфт, ки обанбори Роғун дар давоми 8-10 сол пуркарда мешавад ва ин ба таъминоти оби мамлакатҳои поёноб ягон таъсири манфӣ намерасонад.Дар ин маврид агар баъзе солҳо камбориш оянд, ин мӯҳлат дароз карда хоҳад шуд.               Мувофиқи хулосаи коршиносони мустақили байналхалқӣ, сохтмони НБО Роғун аз ҷумла ба мамлакатҳои ҳамсоя фоидаи калон дорад. Танзими маҷрои дарёи Вахш ба воситаи обанбори Роғун имкон медиҳад, ки 90 фоизи замини обии ҳавзаи дарёи Ому дар масоҳати 4,6 миллион гектар бо об таъмин карда, 480 ҳазор гектар замини нав қобили кишт гардонда шавад. 140 ҳазор гектари он дар қаламрави Туркманистон ва 240 ҳазор гектари дигар дар қаламрави Ӯзбекистон воқеъ гардидааст. Ба туфайли сохтмони НБО Роғун таъмини заминҳои кишти Айни ҳол истифодашаванда бо об ни хеле беҳтар хоҳад гашт. Қарори анҷом додани сохтмони НБО Роғунро яктарафа номидан мумкин нест, зеро НБО Роғун Ҷамъияти саҳомии кушода мебошад ва мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар навбати аввал иштирокчии он гардида метавонанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додаст, ки барои сохтмони НБО Роғун Консорсиуми байналхалқии сармоягузоронро таъсис диҳад. Дар ин бора ҳанӯз моҳи декабри соли 2007 ба ҳамаи мамлакатҳои минтақа расман хабар дода шуда буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади ботантана ба муносибати ба кор даровардани агрегати сеюми НБО «Сангтӯда -1» таъкид карда буд, ки «ҳадафи сохтмони иншоотҳои энергетикӣ дар дарёҳои Тоҷикистон пеш аз ҳама ҳалли проблемаҳои энергетики минтақа буда ва ояндаи наздик воситаи ягонаи кам кардани зарару ҳисороти камобӣ ва обхезиҳои имконпазир дар минтақаҳои миёна ва поёноби дарёи Ому хоҳад гашт. Ин иншоотҳо имкон медиҳанд, ки бо об таъмин кардани заминҳои истифодашаванда беҳтар намуда, заминҳои нав қобили кишт гардонда шаванд. Ин гуфтаҳоро хулосаҳои коршиносони мустақили Бонки ҷаҳонӣ ва олимони маъруфи мамлакатҳои Аврупо тасдиқ менамоянд». Дар робита иштироки ҳамаи давлатҳои манфиатдорро дар истифодаи муштараки имкониятҳои гидроэнергетикии мамлакатамон ба мақсад мувофиқ мешуморем. Мо дар ин бора зимни гуфтушунидҳои гуногун борҳо сухан ронда будем. Ин имкон медиҳад, ки усулҳои идораи захираҳои обу энергетика бо назардошти манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии ҳамаи давлатҳои манфиатдор такмил дода шаванд.                Савол: Соли гузашта моҳи август дар минтақаи Қафқоз амалиёти ҳарбӣ анҷом дода шуд. Лутфан бигӯед, ки мавқеи ВКХ Тоҷикистон дар масъалаи мухолифати Гурҷистону Осетияи Ҷанубӣ чӣ гуна аст?               Ҳ. Зарифӣ: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаҳои дар Осетияи Ҷанубӣ рух додаро, ки бар асари онҳо теъдоди зиёди аҳолии маҳалли ва хизматчиёни ҳарбӣ ҳалок шуданд, таҳдиди сиёсати меъёрҳои дугона дар муносибатҳои байналхалқӣ мешуморад.               Мавқеи Тоҷикистон дар ин масъала ба таври дастаҷамъӣ дар изҳороти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои СААД баён карда шудааст, ки 4 сентябри соли гузашта дар Маскав қабул гардида буд. Дар он нақши фаъолонаи Федератсияи Русия дар бобати мусоидат ба сулҳу ҳамкорӣ дар Қафқоз, таъмини амнияти босуботи Осетияи Ҷанубӣ ва Обхозистон дар асоси Оинномаи СММ, Ҳуҷҷати хотимавии Хелсинки аз соли 1975 ва ҳуҷҷатҳои дигари асосии марбут ба ҳуқуқи байналхалқӣ дастгирӣ карда шуд.                Мо бо мақсади таъмини сулҳу суботи минтақаи Қафқоз бечунучаро иҷро кардани принсипҳои муқаррарнамудаи Президенти Федератсияи Русия ва Президенти Фаронсаро ҷонибдорӣ мекунем.                Душанбе-Екатеринбург                Накануне. Ру               Дмитрий Никонов               (Тарҷумаи АМИТ «Ховар»)Тарҷумон А. Қудратов.   

Январь 21, 2009 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид