МУСОБИҚА МАВҚУФ ГУЗОШТА ШУД
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Бозиҳои интихобии мусобиқаи дастаҳои футболи мамлакатҳои Осиё дар толорҳои пӯшида (мини футбол), ки мебоист соли равон баргузор мегардид, ба соли 2010 гузаронида шуд. Варзишгарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон дар ин мусобиқа дар як гурӯҳ ширкат меварзанд. Дастаҳои футболи Ҳиндустону Покистон ва Афғонистон низ ба гурӯҳи дастаҳои мунтахаби ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ шомил карда шуданд. Бозиҳои интихобӣ бояд дар яке аз ин мамлакатҳои зикршуда гузаронида шаванд. Вале то ҳол ягон мамлакат гузаронидани ин бозиҳоро ба зимма нагирифтааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






