МУСОДИРАИ МАВОДИ НАШЪАДОР ДАР КӮЛОБ

Январь 28, 2009 17:08

                Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддқов).- Тавре аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо максади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷораҳои таъхирнопазири мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор», рӯзи 26 январи соли 2009 кормандони Гурӯҳи фаврии дар минта¬қаи Кӯлоб будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ анҷом доданд. Дар натиҷа сокини шаҳри Кӯлоб Исоев Исоқ Гулмадович дастгир карда шуда, аз пинҳонгоҳи мавзеи «Бештегирмони» ҷамоати «3арбдор»-и ноҳияи Кӯлоб, ки ба номбурда тааллуқ дошт, беш аз 43 килограм маводи нашъао¬вар — 27 килограм чарс ва 16 килограм афъюн дарёфт ва мусодира гардид.                Нисбати ин ходиса аз тарафи шуъбаи тафтишотии Гурӯҳи фаврии дар мин¬тақаи Кӯлоб будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти милли парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  

Январь 28, 2009 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад