МУТАХАССИСОНИ «АМОНАТБОНК» ВА ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ АЗ ЧИН БАРГАШТАНД
Душанбе 14, январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Гурӯҳи мутахассисони бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ аз сафари Ҷумҳурии Мардумии Чин баргаштанд. Онҳо дар давоми 20 рӯз дар ин ҷо дар семинари «Рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар сохтани вазъияти муассисаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ» ширкат варзиданд. Семинари мазкур бо ташаббуси Бонки давлатии рушди Чин баргузор гардид. Мутахассисони тоҷик зимни сафар шаҳрҳои калонтарини Чин ва ҷойҳои ҷолиби диққати онро тамошо карданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






