НАҚШАҲО ИҶРО ШУДАНД

Январь 13, 2009 16:19

         Душанбе , 13 январ. ( АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ дар давоми соли 2008 ба мизоҷонаш ба маблағи 3 миллиону 470,5 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногун расонд. Дар натиҷа нақшаи солонаи  палата 138 фоиз иҷро шуд.         Дар ин бора  имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дода шуд. Муовини раиси  Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ  Асаналӣ Қарамалиев зикр намуд, ки мутахассисони палата сифат ва миқдори молҳои содиротию воридотиро  назорат ва ташхис намуда, дар бораи маҳалли истеҳсоли онҳо сертификат медиҳанд. Раёсати ташхису  сертификатсияи палата соли гузашта ба мизоҷон бештар аз 13 ҳазор сертификат дод. Инчунин бо палатаҳои савдо ва саноати мамлакатҳои ИДМ ва  мамлакатҳои  хориҷи дур 182 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.

Январь 13, 2009 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад