НАРХИ ГАЗ ДАР ҶУМҲУРӢ БОЛО РАФТ

Январь 12, 2009 16:44

Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов дар баромадаш дар маҷлиси ҳайати мушовараи вазорати рушди иқтисод ва савдо қайд карда буд, ки дар соли 2008 КВД «Тоҷикгаз» аз Ширкати саҳҳомии «Узтрансгаз»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон 519,8 миллион метри мукааб гази табииро ба маблағи 75,4 миллион доллари амрикоӣ харидорӣ намудааст, ки ин нисбат ба соли 2007 ба миқдори 128,2 миллион метри мукааб кам мебошад. Аз тарафи корхона ба маблағи 263,3 миллион сомонӣ гази табиӣ фурӯхта шуда, маблағи 253,4 миллион сомонӣ пардохт карда шудааст, ҷамъоварии маблағ 96,2 фоизро ташкил медиҳад. Қарзҳои дебитории «Тоҷикгаз» аз андозҳо дар назди буҷет то якуми январи соли 2009 бе маблағҳои ба таъхир мондашуда 173,2 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба аввали соли 2008-ум ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Бо иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз якуми январи соли 2009 барои сокинони пойтахт нархи истифодаи   гази табиӣ як ҳазору 59,97 сомонӣ барои ҳазор метри мукааб муқаррар шуд. Соли 2008 аҳолӣ барои истифодаи ҳазор метри мукааби газ 688,15 сомонӣ  пардохт мекард.Соли гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳазор метри кубии гази табииро бо 145 доллари амрикоӣ харидорӣ мекард, соли 2009 бошад бо нархи 240 доллари амрикоӣ мехарад, аз ин бармеояд, ки нархи харид 65,5 фоиз боло рафтааст. Қобили қайд аст, ки барои КВД «Талко», ҶСП «Тоҷиказот», КВД «Тоҷиксемент» ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе арзиши истифодаи гази табиӣ 983,24 сомонӣ барои ҳазор метри мукааб муқаррар шудааст, ки инҳо аз шоҳқубурҳо гази табииро харидорӣ мекунанд. Соли 2008 арзиши он барои корхонаҳо ба 647 сомонӣ баробар буд.   

Январь 12, 2009 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст