НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДАИ САНЪАТ

Январь 27, 2009 16:30

                Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Дар давоми соли 2008 зиёда аз 50 номгӯй барномаи таълимӣ аз ҷониби ҳайати профессорону устодони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон таҳия гардида, ба чоп тавсия шуданд, -зикр гардид,зимни нишасти матбуотӣ, ки 27 январ дар донишкадаи мазкур баргузор гардид. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки соли гузашта бо фармони Вазири фарҳанги ҶТ дар доираи татбиқи амалии «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар солҳои 2007-2010» дар Донишкадаи санъат факултаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр таъсис ёфт.  Ташкили ансамбли «Шашмақом» дар донишкада бо ҷалби донишҷӯёни бахшҳои эҷодӣ барои бедор намудани завқи бадеӣ, ташаккули маҳорати иҷрокунандагӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамчун мактаби таҷрибаи ҳунар ба санъати касбӣ роҳ кушод. Дар давраи ҳисоботӣ вохӯрӣ ва дарси устодӣ бо хунёгари машҳур, устоди пианинонавози шаҳри Боулдери штати Колорадо Дэвид Кореваар, консерти квартети Ари Роланд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд, ки донишҷӯён аз нозукиҳои санъати асили навохтани фортепиано ва дигар созҳо баҳравар гардиданд. Моҳи сентябр устодон ва донишҷӯёни донишкада дар Форуми 3-юми интеллигенсияи эҷодии давлатҳои ИДМ фаъолона иштирок намуданд.   

Январь 27, 2009 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад