НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА САНОАТИ ҶТ

Январь 26, 2009 15:42

                      Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Дар Вазорати энергетика ва саноати ҶТ нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишасти мазкур ҷонишини якуми вазири энергетика ва саноати ҶТ Пулод Муҳиддинов ба саволҳои хабарнигорон муфассал ҷавоб дод. Ба гуфти П. Муҳиддинов корхонаҳое, ки бо вазорат дар асоси шартномаҳои дуҷониба фаъолият доранд ба маблағи 1 млрд. 391,2 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд. Рушди саноат дар тамоми минтақаҳо (ба истиснои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) таъмин гардид. Ба гуфти мавсуф соли 2008 дар ҷумҳурӣ истеҳсоли нерӯи барқ 16 млрд. 111 млн. кВт ташкил дод. Дар соли гузашта аз чоҳҳои маҳаллии Тоҷикистон 12,1 млн. м/куб. гази табиӣ ба истифодабарандагон интиқол дода шуд. Ҳамчунин бештар аз 27 адад нерӯгоҳҳои хурди барқӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар охир хабарнигорон ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.  

Январь 26, 2009 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд