НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – «Буҷети соҳаи маориф дар муддати панҷ соли охир зиёда аз 4 маротиба афзуда, соли 2009 тибқи нақша ба 2 миллиарду 140 миллион сомонӣ баробар карда шуд», -қайд гардид, дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Вазорати маорифи ҶТ баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2008 ҷамъбаст ва нақшаҳои кори он дар соли оянда муайян карда шуданд. Вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов дар бораи натиҷаҳои соли гузашта маълумот дода, зикр намуд, ки таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ таҳти назорати доимии роҳбарияти вазорат қарор дорад. Соли 2007 норасоии омӯзгорон 6856 нафарро ташкил медод. Соли гузашта бошад, ин шумора ба 3600 расонида шуд. Норасоии кадрҳо бештар аз фанҳои забони англисӣ, русӣ, забон ва адабиёти тоҷик, риёзӣ, кимиё ва физика ба назар мерасад. Аз соли 2005 сар карда, дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф дар як қатор шаҳру ноҳияҳо шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амалӣ шуда истодаанд. То давраи ҳисоботӣ 1090 мактаб дар ноҳияҳо ба маблағгузории сарикасӣ гузаронида шуданд. Аз аввали соли 2009 сар карда, муассисаҳои таҳсилоти умумии боз 24 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ гузаронида мешаванд.Бори аввал қисми якуми китоби «Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» аз чоп баромад. Ҳамчунин озмуни ҷумҳуриявӣ байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гузаронида шуд. Бо мақсади расонидани кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати ба таълим фаро гирифтани онҳо дар назди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ курсҳои кӯтоҳмуддати 1, 2, 3, 6-моҳа таъсис ёфта, то имрӯз ин курсҳоро зиёда аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ хатм намуда, соҳиби касб гардиданд.Соли гузашта тибқи квотаи президентӣ ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ 457 писар ва 552 нафар духтар тариқи сӯҳбат қабул шуданд. Нақшаи пешбинишударо ноҳияҳои Ҷирғатол ва Тоҷикобод иҷро накарданд.Дар давоми соли хониши 2007-2008 нашриётҳои дохили кишвар, ки бо Вазорати маорифи ҶТ барои нашри китобҳои дарсӣ шартнома ба имзо расонида буданд, 37 номгӯи китобҳои дарсиро барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо теъдоди 3405998 нусха ба маблағи умумии 14 126 442 сомонӣ ба нашр расониданд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2007 1 111 251 нусха зиёд мебошад. Дар панҷ соли охир 6 лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши 70 миллиону 820 ҳазору 400 доллари амрикоӣ, аз он ҷумла, 27 миллион 400 ҳазор доллар дар асоси грантҳои институтҳои молиявии байналмиллалӣ татбиқ шуда истодааст. Дар соли 2008 аз ҷониби ҳамаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф маблағи 19 млн. 521 ҳазору 119 доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шуд. Бо баъзе сабабҳо ба нақшаи молиявии солонаи лоиҳаҳои «Таҷдиди маориф» ва «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» тағйирот ворид карда шуд. Дар натиҷа, ин нақша ба 11 млн. 343 ҳазору 340 доллар баробар шуд. Дар арафаи соли хониши 2007-2008 аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ, 36 иншоот (бинои мактабҳо ва шӯъбаи маориф) бо маблағи 3 млн. 635 ҳазору 695 доллари амрикоӣ сохтаю барқарор карда шуд.Вазорати маориф дар нақшаи соли 2009 ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаро дар маркази диққат қарор дода, баҳри бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар ташкили раванди таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, танзими нақша ва барномаҳои таълимӣ, махсусан баланд бардоштани сифати дониши хонандагону донишҷӯён чораҳои мушаххас меандешад.