НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ барои кормандони воситаҳои ахбори оммавии мамлакат нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Нишасти матбуотӣ ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2008 бахшида шуд. Қайд карда шуд, ки Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ба мамлакатҳои хориҷӣ 16 сафари расмию корӣ анҷом дод. Дар ташкили ҳамаи сафарҳои сардори давлат саҳми кормандони вазорати корҳои хориҷӣ калон аст. Ҳ.Зарифӣ афзуд, ки Тоҷикистон соли гузашта бо 97 мамлакати ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратӣ дошт. Ба қавли ӯ, маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ соли гузашта нисбат ба соли 2007 — ум 660 миллион доллари ИМА зиёд гардид. Вазир зикр намуд, ки Президенти ҷумҳурӣ ояндаи наздик ба мамлакатҳои соҳили баҳри Балтика сафар хоҳад кард. Дар ҷараёни ин сафарҳо диққати асосӣ ба муқаррар намудани усулҳои амалӣ сохтани созишномаҳое дода мешавад, ки ба содиру ворид сохтани мол аз Тоҷикистон ба воситаи бандарҳои мамлакатҳои соҳили Балтика имкон медиҳанд. Мамлакати мо аз баҳрҳои бузург хеле дур воқеъ гардидааст. Мо бояд барои баромадан ба бандарҳои уқёнуси Ҳинд, халиҷи Форс ва бандарҳои мамлакатҳои самти шимол аз ҳамаи тадбирҳо истифода барем. Истифодаи се бандари мамлакатҳои соҳили Балтика барои мо хеле муҳим аст, гуфт Ҳ.Зарифӣ.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






