НОМА БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Январь 20, 2009 11:41

             Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,             Мо як гурӯҳ тоҷикистониён, ки дар вилоятҳои Свердловск, Тюмен ва Челябински Федератсияи Россия бо ҳукми тақдир кор ва умр ба сар мебарем, ҳамеша аз вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишварамон бохабарем. Ҳарчанд, ки мо дур аз ватан бошем ҳам, ҳисси миллии худро боло дониста, ватанамонро мисли модар дӯст медорем.               Тавре, ки ба ҳамаи мо маълум аст, имрӯз ватани азизамон аз норасогии қувваи барқ танқисӣ мекашад. Мавриди ёдоварист, ки соли гузашта аз норасогии барқ қисме аз беморхонаҳо, мактабҳо бо пуррагӣ фаъолият накарданд, баъзе аз кӯдакон ва пиронсолон дар беморхонаҳо бистарӣ гардиданд.               Мо медонем, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои об дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ҷойи дуюм ва дар Осиёи миёна ҷойи якумро ишғол менамояд, аммо ҳамагӣ 5 фоиз аз иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ (520 млрд. Квт/с) истифода мешавад. Бо сабабҳои нарасидани сармоя сохтмони нерӯгоҳи барқии Роғун ба дигар нерӯгоҳҳои обии барқӣ тӯл кашида истодаанд.               Мо сиёсати хирадмандонаи Шуморо ҳаматарафа дастгирӣ намуда, дар роҳи раҳонидани Ватани азизамон аз вартаи буҳрони энергетикӣ, ба Шумо дар роҳи ба амал овардани нақшаҳои бузурги энергетикӣ бурдбориҳо таманно дорем.               Мо дарк намудаем, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик имкониятҳои бузург доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Федератсияи Россия аз 300 ҷамъияти тоҷикон, соҳибкорони инфиродӣ, роҳбарони ширкатҳои гуногун кор ва фаъолият менамоянд. Шукронаи Яздони Пок, ки ҳамаи моён шароити хуби зиндагӣ дорем.                Бинобар ин, мо ҳамчун шаҳрванди Ватан омода ҳастем, ки дар лоиҳаҳои сохтмонии нави нерӯгоҳҳои обии барқӣ иштирок намуда, саҳми шахсии худро аз сидқи дил ва поквиҷдона ба иқтисодиёти Тоҷикистон гузорем.                Аз ин лиҳоз, аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои миллӣ, маданӣ, сохибкорон ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия кор ва зиндагӣ намуда, ҳисси миллӣ доранд, муроҷиат менамоем, ки лоиҳаи «Энергетикаи муҳоҷирони Тоҷикистон»-ро дастгирӣ намуда, ҷиҳати дар амал тадбиқ шудани он поквиҷдона ва аз сидқи дил саҳми шахсии худро гузоранд. Ин иқдоми некро ҳамчун тӯҳфаи ёдоварӣ барои Ватанамон — Тоҷикистони азиз мебахшем, ки аз насл ба насл мемонад.               Бо арзи эҳтиром ба Шумо мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, муроҷиат намуда, хоҳиш менамоем, ки пешниҳоди моро дастгирӣ намуда, барои муайян намудани механизми сармоягузорӣ ва ҷалб намудани сармояи тоҷикони муҳими Федератсияи Россия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур диҳед.                Мо боварии комил дорем, ки ҳангоми пайдо шудани механизми муайяни сармоягузории пружаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ, ҳар як фарзанди ба ору номуси тоҷик, ки дар Федератсияи Россия истиқомат менамояд, қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо оварда, ихтиёран, мувофиқи имконият ва шароит барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обии ватанамон ҳиссаи шахсии худро мегузорад.               Ба Шумо Ҷаноби Олӣ, барои дастгирии ҳамаҷонибаатон миннатдории худро баён намуда, ба Шумо умри дарози бобаракат, саломатии бардавом ва комёбиҳои беназирро орзу менамоем.             Бо камоли эҳтиром,             Мирзоев Ф.М.- раиси ҷамъияти              «Сомон», ш. Екатеринбург,             Ҳайдаров Х.- Раиси ҷамъияти             «Дидор», ш. Екатеринбург,            Каримов А.- Раиси ҷамъияти             тоҷикони муқими ш. Тюмен            Раҷабов И.- Раиси маркази             миллӣ- фарҳангии тоҷик -«Сомониён»,            ш. Челябинск.            Идиев С.Н.- Директори            ҶММ «Ориён -Урад», ш. Екатеринбург,            Давлатов Ш.А.- Директори ҶММ           «Уралский центр занятости            мигрантов», ш. Екатеринбург,            Раҳимҷонов С. Р.- менеҷери            агентии муҳоҷирати            «Нелегатов ист», ш. Екатеринбург,            Неъматов И.Г.- соҳибкори инфиродӣ,            Ш. Екатеринбург,            Нуриддинов Ш. — Директори            ҶММ «Юристконсульт»,            Ш. Екатеринбург.

Январь 20, 2009 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид