ОҒОЗИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ ДАР ВАЗОРАТУ ИДОРАҲОИ МАМЛАКАТ

Январь 12, 2009 11:59

           Душанбе, 12 январ.(АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Имрӯз дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оғоз меёбанд, ки дар онҳо натиҷаҳои соли 2008  ҷамъбаст карда мешаванд. Имрӯз аз ҷумла  роҳбарони вазорати маориф, Кумитаҳои кор бо занон ва оила,  кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ инчунин Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ дар бораи фаъолияти яксолаашон ба  хабарнигорон ҳисобот медиҳанд.           Мухбири АМИТ  «Ховар»  ёдовар мешавад, ки чунин нишастҳои матбуотӣ мувофиқи дастури Сардори давлат аз моҳи марти соли 2005 гузаронида мешаванд ва ҳадафи онҳо таъмини  шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалҳо ва  додани имконият ба  хабарнигорон дар бобати дастрас намудани маълумот аз манбаъҳои расмӣ мебошад.

Январь 12, 2009 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд