ОБШАВИИ ПИРЯХҲОРО ПЕШГИРӢ КАРДАН МУМКИН АСТ

Январь 9, 2009 16:18

         Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Маркази экологии ҷавонони ҷумҳурӣ ҳамроҳи Агентии  ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 7 ва 8 феврал дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Роҳҳои  ҳалли проблемаи тағйир ёфтани иқлим» конфронси байналхалқӣ баргузор месозад. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи гарм шудани ҳарорати ҳаво пиряхҳои қаламрави мамлакат торафт бештар об мешаванд. Аз ҷумла баландии  пиряхи Федченко дар давоми 50 соли охир 10 метр паст шудааст. Ба ақидаи мутахассисон, чунин вазъият оқибати ногувор дошта метавонад.           Директори Маркази экологии  ҷавонони Тоҷикистон Юрий Скочилов ба мухбири АМИТ  «Ховар»  шарҳ дод, ки  Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва муҳити зист, инчунин ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар имкониятҳои фаровон дорад. Дар ин бобат ба ҷумҳурии мо кӯмаку дастгирии ҷомеаи ҷаҳон зарур аст, гуфт вай.         Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар конфронси мазкур намояндагони марказҳои  миллии экологии  Украина, Британияи Кабир, Русия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд.

Январь 9, 2009 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад