ОХИРИ СОЛИ 2008 БОНКҲОИ БАДАХШОН ЗАРАР ДИДАНД
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). Бино ба суханони сардори шуъбаи дар Хоруғ будаи Бонки миллии ҶТ айни замон 24 ҳазор нафар сокинони Бадахшон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия мебошанд. Бо сабаби бӯҳрони иқтисодӣ воридоти маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути бахши хоруғии Бонки миллии Тоҷикистон моҳҳои охири соли 2008 ду маротиба коҳиш ёфтааст. Агар дар давоми соли 2007 воридоти маблағи муҳоҷирон беш аз 34 млн. доллари амрикоиро ташкил дода бошад, дар 11 моҳи соли 2008 ин нишондод 46% кам гардидааст. Ин дар ҳолест, ки маблағи мазкур назар ба буҷаи солонаи вилоят ду маротиба зиёдтар аст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






