ОМИЛҲО ЗИЁДШАВИИ САТҲИ КАСРИ ТАВОЗУН

Январь 23, 2009 15:07

               Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Гардиши савдои хориҷии Ҷумхурии Точикистон дар соли 2008 4 миллиарду 549,6 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 -ум 16 фоиз зиёд аст.               Бо иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон содироти мол дар ин давра ба як миллиарду 378,4 миллион доллари амрикои баробар шуд дод, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 6,1 фоиз зиёд аст. Воридоти молҳо дар соли 2008 — ум 29, 1 фоиз афзуда 3 миллиарду 171,2 миллион доллари ИМА ташкил дод. Сохтори молии воридот бештар аз маҳсулоти истеъмолӣ маҳсулоти маъданӣ(маводи сӯзишворӣ, гази табиӣ ва қувваи барқ), воситаҳои нақлиёт, мошин ва таҷҳизот иборат бошад.               Касри тавозуни савдо дар соли сипаригардида як миллиарду 792,8 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 81,6 фоиз зиёд мебошад. Раванди мазкур асосан дар шароити баланд гардидани нархи маҳсулоти воридотӣ аз бозори ҷаҳонӣ ва кам гардидани ҳаҷми содирот дар натиҷаи маҳдудияти истеҳсоли қувваи барқ ва дигар омилҳои дигари иқтисодӣ ба вуҷуд омад. Зиёдшавии сармоягузориҳои хориҷӣ ба бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ низ боиси зиёд гардидани ҳаҷми воридот гардид. Ҳамаи ин омилҳо ба зиёдшавии касри тавозуни савдо таъсири манфӣ расониданд.               Аз тарафи дигар, паст будани сатҳи рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, на танҳо ҳаҷми содироти маҳсулотро маҳдуд менамояд, балки истеъмолкунандагони кишварро барои харид намудани молҳои нисбатан арзони хориҷӣ водор мекунанд, ки сабаби воридоти ин молҳо мегардад. Ҳамаи ин омилҳо ба зиёдшавии сатҳи касри тавозуни савдо гардид.

Январь 23, 2009 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!