ОМОДАГИИ КОМБАЙНҲОИ ҒАЛЛАДАРАВ ДАР СОЛИ 2009
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маъ лумоти Кумитаи давлатии омор, дар моҳи декабри соли 2008 755 адад комбайнҳои ғалладарав ба ҳисоб гирифта шудааст. Маълумоти оморӣ муайян намуд, ки дар давоми соли 2007-2008 ҳамагӣ 350 комбайн қобили истифода буд. Дар соли 2009 танҳо масоҳати кишти гандум беш аз 150 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Ҳамасола дарави гандум дар ҷумҳурӣ 4-5 моҳ давом мекунад, ки боиси талафи ҳазорҳо тонна ғалла аз гармо ва помоли паррандаю ҳайвоноти ваҳшӣ нобуд мегардад. Соли 2008 танҳо тавасути 350 комбайн (аз 755 адади мавҷуда) ҳосили гандум ҷамъоварӣ гардид ва дар бисёр ноҳияҳо ба талафи ҳосил роҳ дода шуд. Дар сурати дар соли 2009 зиёд нашудани адади комбайнҳои ғалладарав камбудиҳои соли 2008 дар ҷамъоварии ғалла аз нав такрор хоҳад шуд.