ОПЕРАИ «РӮДАКӢ» ДУБОРА БА САҲНА ГУЗОШТА МЕШАВАД

Январь 19, 2009 10:43

         Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар» Тахмина Ғоибназарова).- Дар Театри академии  давлатии  опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баъди  намоиши барномаҳои солинавӣ  танаффуси кӯтоҳмуддат эълон карда шуд. Ҳунарпешагони он баъди анҷоми  танаффус  ба машқи операи  «Рӯдакӣ» шурӯъ менамоянд. Операи мазкур дар арафаи иди Наврӯз, 20 март пешкаши тамошобинон гардонида мешавад. Тибқи нақша, таъмири куллии бинои театр ҳам бояд то иди Наврӯз анҷом дода шавад. Операи мазкур  бори аввал соли 1976 ба саҳна гузошта шуда буд. Ҳунарпешагони театр қарор дода буданд, ки онро соли гузашта ба муносибати 1150 — солагии  Абӯабдулло Рӯдакӣ дубора пешкаши тамошобинон гардонанд. Вале намоишномаи мазкур бо сабаби тӯл кашидани тармими бинои театр ба саҳна гузошта нашуд. Директори театр Ҳ.Маҷидов  ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки операи «Рӯдакӣ» муваффақияти калонтарини     кормандони  театр дар соли равон  хоҳад гашт. 

Январь 19, 2009 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд