«ОРИЁНБОНК» БАРОИ ДОДАНИ ҚАРЗ БЕШТАР МАБЛАҒ ҶУДО МЕКУНАД
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Маблағи барои қарз ҷудо намудаи Ҷамъияти саҳҳомии «Ориёнбонк» то 31 декабри соли 2008 — ум 753 миллиону 823 ҳазору 621 сомониро ташкил дод. Соли гузашта 77,52 фоизи маблағи мазкур ба муассисаҳои тиҷоратии хусусӣ, 16,95 фоиз ба корхонаю муассисаҳои соҳаи кишоварзӣ, 1,80 фоиз ба корхонаҳои давлатӣ ва 3,73 фоизи он бо пули миллӣ ба шахсони алоҳида қарз дода шуд. Бонк дар ин муддат бо асъори хориҷӣ ба корхонаҳои тиҷоратии хусусӣ ба андозаи 62,52 фоиз, ба корхонаю муассисаҳои кишоварзӣ 13,66 фоиз, корхонаҳои давлатӣ 23,70 фоиз ва ба одамони алоҳида ба андозаи 0,12 фоиз қарз додааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






