ОЗМУНИ «ҲАФТ ГАНҶИНАИ ТОҶИКИСТОН»

Январь 29, 2009 11:43

                      Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Бо ташаббуси Созмони ҷамъиятии «Маркази рушди туризм» дар Тоҷикистон озмуни нахустини ҷумҳуриявии «Ҳафт ганҷинаи Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Ҳадафи озмун афзун гардондани обрӯю эътибори Тоҷикистон ҳамчун минтақаи туризми байналхалқӣ мебошад. Тавре ки маълум аст дар мамлакати мо ҷойҳои тамошобоб, ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои хушманзара хеле зиёданд.                       Дар натиҷаи озмун ёдгориҳои таърихию меъморӣ ва мавзеъҳои тамошобобу хушманзара интихоб карда, рӯӣхати онҳо тартиб дода мешавад.                     Тибқи нақша дар даври аввали озмун 28 ёдгории таърихию меъморӣ, гӯшаҳои хушманзараи табиат ва мавзеъҳои дилнишини мамлакат муайян карда мешаванд. Давраҳои дуюму сеюми озмун тавассути фиристодани маълумоти мухтасар ба воситаи телефонҳои мобилӣ ва почтаи электронӣ ҷамъбаст карда мешаванд. Ғолибони озмун дар даври сеюми он муайян карда хоҳанд шуд.                                                                                                                                          Тарҷумон — Қудратов А.   

Январь 29, 2009 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад