ПАРРАНДАПАРВАРОН АЗ БОҶИ ГУМРУКӢ ОЗОДАНД Ё НЕ ?
Душанбе, 23 январ.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарз).- Нишасти матбуотие, ки дар Вазорати кишоварзӣ доир гардид, бо таври ғайрирасмӣ оғоз ёфт. Сардори маркази матбуоти вазорати мазкур Нарзулло Додобоев бади шарҳу эзоҳи нишастҳои матбуотии дар давоми сол дар вазорат доиршуда, ба вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов Сухан дод. Вазир ба ҳозирин рӯ оварда хоҳиш намуд то якбора ба саволҳо гузаранд. (хабарнигорон қаблан бо маводи зарурӣ таъмин карда шуда буданд) Дар давоми беш аз як соати нишасти матбуотӣ хабарнигорон ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд. Аз он ки касе ба ҷавоби саволи худ эътирозе накард,ҷавобҳо маъқул дониста шуданд. Ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар», ки нисбати рушди паррандапарварӣ ва иҷрои барномаи соҳа чӣ нақшае омода шудааст, вазир беибо гуфт, ки барои соҳаи паррандапарварӣ якқатор имтиёзҳо дода шудааст, аз ҷумла, корхонаҳои паррандапарварӣ азбоҷи гумрукӣ барои воридоти маводи ғизоӣ озод карда шудаанд ва тадбирҳои дигаре ҳам андешида мешаванд то соҳа беш аз пеш рушд ёбад. Ин ҷавоби вазир дар мавриде гуфта шуд ки раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Паррандапарварии Тоҷикистон» А.Ш Назаров ҳамагӣ даҳ дақиқа пештар бо роҳбарони корхонаҳои паррандапарварии ноҳияҳои Шаҳринав ва «Наврӯз»-и шаҳри Ваҳдат, дар тамос шуда иттило гирифт, ки аз маводи ғизоии барои корхонаҳояшон вориднамуда, боҷи гумрукӣ ситонида шудааст. Барои рушди соҳа вазир боз чӣ тадбир меандешад ва чӣ имтиёзҳо боз баҳри арзон кардани маҳсулоти корхонаҳои паррандапарварӣ дода мешавад инро вақт нишон хоҳад дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






