ПЕШРАВИҲОИ СОХТМОНИЧИЁН

Январь 13, 2009 09:04

                      Душанбе, 13 января. (НИАТ «Ховар», Мавзуна Бойева) — Дар соли 2008 ба дастгоҳи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳо ва шахсони алоҳида 2688 мактубу ҳуҷҷат ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз зиёд мебошад.  Директори  Агентии  сохтмон ва меъмории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов дар  маҷлиси хайати  мушовараи  Агентӣ қайд кард, ки хамаи ҳуҷҷату мактубҳои вордшуда сар вақт омӯхта, ба онҳо ҷавоб гардонда шуд.                     Агентии  сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои соли гузаштаи ҳҷҷатҳои харҷномавии корҳои лоиҳавии иншооти  «Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи С. Айнӣ дар ноҳияи Рашт ва биноҳое, ки ба тавозуни иншооти мазкур дода шудаанд»  корҳои лоиҳавии «Азнавсозии майдонҳои варзишӣ дар ноҳияи Тавилдара, Ҷиргатол ва Рашт», нақшаи генералии лоиҳаи иншооти «Сохтмони майдони варзишӣ дар ноҳияи Тоҷикобод барои 6000 ҷои нишаст», лоиҳаи «Сохтмони хонаи маданият дар ноҳияи Тавилдара», «Нақшаи генералии шаҳракҳои Тавилдара ва Ҷиргатол» лоиҳаи ангоравии сохтмони «Меҳмонхона барои 50 нафар» дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ва ғайраро ба итмом расонида, барои мувофиқа ба фармоишгар пешниҳод кард. Корҳои лоиҳавии «Нақшаи генералии шаҳри Хоруғ ва марказҳои ноҳияҳои вилоят», лоиҳаи «Хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ»,  лоиҳаи кории бинои таълимӣ, хобгоҳ ва иншоотҳои ёрирасони Литсейи Президентии шаҳри Хоруғ ба анҷом расонида шуда, ба фармоишгар супорида шуданд.          

Январь 13, 2009 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд