ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ — РО БА МУНОСИБАТИ ИДИ СОЛИ НАВ ТАБРИК НАМУДАНД

Январь 3, 2009 10:28

        Душанбе,  3  январ. (АМИТ «Ховар»). –  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  муносибати иди  Соли  нави  2009  ба  унвони   сарони  давлату  ҳукуматҳои  мамлакатҳои  хориҷӣ  ва     роҳбарони  баъзе   созмонҳои  байналхалқию  минтақавӣ  барқияҳои  шодбош   фиристод.       Сарони  давлату   ҳукуматҳои  мамлакатҳои  ҷаҳон  ва  созмонҳои  байналхалқӣ   дар  навбати  худ   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  ба  муносибати  фаро  расидани  Соли  нав  табрик  намуданд. Аз ҷумла,  Президенти  Федератсияи  Русия  Дмитрий  Медведев  дар  барқияи  худ  менависад: «Лутфан,  табрикоти   самимонаи  маро   ба  муносибати   фаро  расидани  иди  Соли нави  2009 қабул  фармоед.        Соли  гузашта   халалнопазирии   муносибатҳои  дӯстона  ва  ҳамкории  Русия  ва  Тоҷикистонро   бори  дигар  исбот  намуд, ки   асоси  онро шарокати  стратегии  баробарҳуқуқ ва    муносибатҳои  иттифоқчигии  мамлакатҳоямон  ташкил  медиҳанд.          Аминам, ки  ҷидду  ҷаҳди  муштараки  мо  барои  амалӣ  сохтани  паймонҳои   моҳи  августи соли  2008   дар  Душанбе  ба даст  омада  ба   рушди  минбаъда ва муттасили   муносибатҳои   ҳар  ду  кишвар  мусоидат  хоҳад  кард. Ба  Шумо,  Эмомалӣ  Шарифовичи  мӯҳтарам,  саломатии комил,  барори кор  ва ба  халқи  бо  мо  дӯсти  Тоҷикистон  зиндагии  фараҳмандона ва  шукуфоӣ  орзу  мекунам».      Дар  барқияи  шодбоши   Президенти  Ҷумҳурии  Исломии  Эрон  Маҳмуд  Аҳмадинажод  гуфта  мешавад :       «Мӯҳтарам  раиси  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ҷаноби  оқои  Эмомалӣ  Раҳмон, Шумо   ва  халқи  Тоҷикистонро   ба  муносибати фаро расидани   Соли  нави   солшумории  насронӣ   сидқан  муборакбод  мегӯям.        Боварии  комил  дорам, ки бо  лутфи  Худованд  ҷидду  ҷаҳдҳои  муштараки мо   барои   ҷорӣ  намудани принсипҳои  баробарӣ ва эҳтироми  ҳуқуқи  инсон    ба  амалӣ  сохтани  ғояҳои  пешрафт ва   таҳкими  маънавиёти  ҷомеа   мусоидат  хоҳанд  кард.        Бо  умеди  таҳкими   сулҳу  амният,  ҳамдилӣ  ва шукуфоии   тамоми   мамлакатҳои  ҷаҳон   ба  Шумо,  Ҷаноби  олӣ   саломатии  комил  ва  комёбиҳои  бузург  орзу  менамоям. Бигузор  Соли  нав  барои  ҳамаи  озодипарастон соли  хушбахтӣ ва   шукуфоӣ  гардад».        Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро инчунин   Раиси  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  Ху  Сзинтао,  Президенти  ҶФО  Хорст Кёлер,  Президенти  Қазоқистон  Нурсултон  Назарбоев, Президенти Белорус Александр  Лукашенко,  Президенти  Туркманистон Қурбонгулӣ  Бердимуҳаммадов,  Президенти  Озарбойҷон  Илҳом  Алиев,  Президенти  Ӯзбекистон  Ислом  Каримов,  Герсоги  бузурги Люксембург Генри,   Президенти  Литва  Валдас Адамкас, Президенти  Ҷумҳурии  Мардумии  Демократии  Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқ,  Президенти   Ҷумҳурии Малта  Эдвард Фенек  Адамӣ,  Президенти  Ҷумҳурии  Ботсвана  Хамо Ян Хамо,  раиси Ҳукумати  Испания Хосе  Луис  Родригес  Сапатеро,   Раиси  Ҳукумати  Федератсияи  Русия  Владимир  Путин,  Усқуфи  Аъзами Рим Бенедикти ХУ1,  Директори Муассисаи   озуқа ва  кишоварзии  СММ Жак Дюф  ва  дигарон  табрик  намуданд.        Вуруди  барқияҳои  шодбош  ба  унвони  Сардори  давлати  Тоҷикистон  давом  дорад.

Январь 3, 2009 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид