РАВЗАНАЕ БА СӮИ «ҶАҲОНИ КУШОДА»
Душанбе, 5 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Соли 2009 аз таъсисёбии Барномаи «Ҷаҳони кушода»-и Шӯрои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ 10 сол сипарӣ шуд. Дар робита доир ба фаъолияти барномаи мазкур, мақсаду ҳадафҳои он сӯҳбате анҷом додаем бо ҳамоҳангсози намояндагии Барномаи «Ҷаҳони кушода»-и Шӯрои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анора Акбарова. — Анора Акбарова Барномаи «Чаҳони кушода чи гуна барнома аст ва он бо ташаббуси ки таъсис дода шудааст? — Бояд тазаккур дод, ки Барномаи «Ҷаҳони кушода»- соли 1999 аз тарафи Конгреси ИМА бо ташаббуси ду нафар олимони шинохта ва арбобони ҷамъиятию сиёсии Федаратсияи Россия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико академикҳо Дмитрий Лихачев ва директори Китобхонаи Конгреси ИМА доктор Ҷеймс Биллингтон таъсис дода шудааст. Барномаи «Ҷаҳони кушода» барои фаъолони кишварҳои иштирокчӣ – намояндагони сатҳҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаҳои академикӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва сохторҳо ташкил дода шудааст. Барнома пеш аз ҳама, он номзадҳоеро, ки новобаста ба ҷавонии нисбиашон аллакай дар соҳаи фаъолияташон худашонро ҳамчун профессионал нишон дода, қобилияти пешбарандагӣ дар ҷомеа доранд ва дар омӯзиши таҷрибаҳои америкоӣ, инчунин барои тамосҳои профессионалӣ ва шахсӣ бо ҳамтоёни америкоӣ мароқ зоҳир кардаанд, мадди назар гирифтааст. Барномаи «Ҷаҳони кушода» чанд вақт боз дар Тоҷикистон фаъолият дорад? -Соли 2007 Маркази Лидерии Барномаи «Ҷаҳони кушода» дар Ҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ карда шуд. Ҳадафи Барнома таҳким бахшидани ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо фароҳамоварии имконияти ошноӣ бо ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии ИМА, ҳамчунин табодули таҷрибаҳои касбӣ ва мафкуравӣ бо ҳамтоёни америкоӣ мебошад. Дар доираи ин барнома аввалин ҳайати тоҷикистонӣ кай ба Амрико сафар кард? Аввалин ҳайат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз адвокатҳо ва мутахассисони ҳифзи табиат иборат буд, дар чаҳорчӯбаи Барномаи «Ҷаҳони кушода» моҳи июни соли 2007 ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар карда буд. Инчунин, як ҳайати 30 нафара, ки ба он кормандони сохторҳои гуногуни давлатӣ -парлумон, Комиссияи Марказии интихобот ва райъпурсӣ, аҳзоби сиёсӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон шомил буд, аз 15 то 26-уми октябри соли 2008 дар Амрико қарор доштанд, ва бо ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии ин кишвар ошно гардиданд. Дар маҷмӯъ беш аз 60 нафар кормандону мутахассиони касбу кори гуногуни Тоҷикистон ба ин кишвар сафар кардаанд. Мусофират дар доираи Барномаи «Ҷаҳони кушода» даҳ рӯз тӯл кашида, ба мавзӯҳои идораи масъулиятнок, волоияти қонун, таҳсилот ва таъминоти иҷтимоӣ бахшида шудааст. Дар ҷараёни мусоифрат ба ИМА ҳайатҳои тоҷикистонӣ аз ҷониби ташкилоти шарик -ба мисли Академияи рушди маориф (Academy for Educational Development), Хазинаи миллии ҷаҳон (National Peace Foundation), Vital Voices Global Partnership ва дигарон пазироӣ шуданд. Гурӯҳҳое, ки ки тавасути Барномаи «Ҷаҳони кушода» ба Амрико сафар мекунанд, аз чаҳор нафар иборат аст, ки барномаи мусофиратро дар ИМА возеҳтар ва муассиртар менамояд. Ҳар кадом аз узви ҳайат дар табодулаи таҷриба саҳми фаъол мегирад ва бо воқеияти ҳаёти ҳамтоёни америкоӣ ошно мешаванд. Барномаи мусофират барои ҳар як ҳайат алоҳида ва бо назардошти манфиатҳо ва хоҳишҳои иштирокчиён тартиб дода мешавад. Аксар маврид ҳайатҳо дар оилаҳои америкоӣ ҷойгир кунонида мешаванд, то онҳо бо ҳаёти иҷтимоии америкоиҳо аз наздик ошно шаванд. Оилаҳои америкоӣ, ки ҳайатҳоро қабул менамоянд дар навбати худ имконият пайдо мекунанд, ки аз наздик бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи ин сарзамин- забон, фарҳанг, урфу одат ва дигар паҳлӯҳои рӯзгори тоҷикон маълумот пайдо намоянд. Ин як навъ муаррифии тоҷику тоҷикистониён ба амрикоиҳо аст. Инчунин, Барномаи «Ҷаҳони боз» ягона барномаи мубодилавӣ дар дохили шохаи қонунгузории ҳокимияти ИМА аст. -Анора Акбарова, Барномаи «Ҷаҳони кушода» аз ҷониби кадом сохтори амрикоӣ маблағгузорӣ мешавад? — Барномаи мазкур ҳамасола аз тарафи Конгреси ИМА маблағгузорӣ мешавад. Ба ин тартиб шомил гардидан барои иштирок дар барнома харҷи молии иштирокчиёнро талаб намекунад — Интихоби мавзӯи Барнома ва мутахассисоне, ки тавасути он ба Амрико сафар менамоянд чи гуна сурат мегирад? Интихоби мавзӯъ ва нафароне, ки шомили гурӯҳҳо мешаванд дар сафорати ИМА дар Душанбе интихоб карда мешаванд. Шӯрои америкоӣ оид ба маорифи байналмиллалӣ (ACCELS) масъулияти корҳои маъмурии барнома ва ёрии техникӣ ҷиҳати пур кардани анкетаҳоро ба дӯш дорад. — Барномаи «Чаҳони кушода»-и Шӯрои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ боз дар кадом давлатҳо намояндагиҳои худро ифтитоҳ кардааст? Барномаи «Ҷаҳони кушода» дар баъзе давлатҳои Аврупоӣ, Россия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо намояндагии худро кушодааст. Дар оянда Барномаи «Ҷаҳони кушода» чи нақшаҳо дорад? Афзун намудани табодули гурӯҳҳо дар доираи Барномаи мазкур ба ИМА яке аз самтҳои асосии дурнамои фаъолияти Барномаи «Ҷаҳони кушода» аст.