РОҲБАР БАРОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ АЗ ХУД НАМУДАНИ МАБЛАҒ ДАСТГИР ГАРДИД
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Роҳбари Асотсиатсияи истифодабарандагони оби «10-солагии истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Ёвон Нурмаҳмад Муродов барои ғайриқонунӣ аз худ намудани маблағи 14138 сомонӣ ҳақи хизмати обрасонӣ дастгир гардид. Маълум шуд, ки номбурда аз соли 2005 то ин ҷониб дар вазифаи мазкур фаъолият менамояд ва аз ваколатҳои мансабии худ суистифода намуда, ба маблағи 14138 сомонӣ ҳаққи хизмати обрасониро ғайриқонунӣ истифода кардааст, ки бо ин кирдораш ба давлат зарари ҷиддии моддӣ расонидааст. Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбати Н. Муродов аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агенти дар вилояти Хатлон тибқи моддаи 295-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






