«РУҚИЯ» БА СОЛИ 2009 ОМОДАГӢ МЕБИНАД
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хоҷагии деҳқонии «Руқия»-и ноҳияи Ёвон дар ихтиёри худ 28 гектар замин дорад ва соли сеюм аст,ки миёни дигар хоҷагиҳои ноҳия нақшаашро аз рӯйи ҷамъоварии ҳамаи намуди маҳсулоти парваришнамуда, барзиёд иҷро менамояд. Соли 2008 хоҷагӣ аз майдони 20 гектар пахта 73 тонна ҳосил ба даст оварда даромади хуб гирифт,-иброз дошт роҳбари хоҷагӣ Руқия Раҳимова. Тайёрӣ барои кишти баҳорӣ хуб аст. Хоҷагӣ майдони 20 гектар замини пахтаро сари вақт аз ғӯзапоя тоза намуда, онро хушсифат шудгор намуд, ба қадри зарурӣ нурии минералӣ андохт, инчунинхоҷагӣ дар соли 2009 бо тарзи лизингӣ техникаи зарурӣ харидорӣ карданист. Ҳоло баҳри анҷоми корҳои деҳқонӣ сӯзишворӣ, тухмии хушсифат ва нуриҳои минералӣ захира карда шудааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






