РУШДИ ИҚТИСОДӢ МИЛЛӢ ДАР СОЛИ 2008 ВА 2009
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов иштирок дошт. Дар маҷлис вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2008 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2009 маърӯза кард. Вазир зикр намуд, ки дар асоси татбиқи ҳуҷҷатҳои асосии муайянкунандаи самти рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат — Стратегияи рушди миллӣ барои то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007 — 2009 сифат ва шароити зиндагии мардуми чумҳурӣ торафт беҳтар мегардад. Сатҳи камбизоатӣ аз 64 фоизи соли 2003 соли 2008 53 фоиз коҳиш ёфт. Соли 2008 ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2007-ум 7,9 фоиз афзуда, маблағи он ба 17609,3 миллион сомонӣ расид. Маблағи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ соли 2007-ум 515 доллари амрикоро ташкил медод, ин маблағ соли 2008 ба 2390 сомонӣ ё 697 доллари ИМА баробар шуда, дар давоми як сол 35,3 фоиз афзуд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2008 нисбат ба соли 2007-ум 4 фоиз кам шуда, маблағи он 5905 миллион сомониро ташкил дод. Дар соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 7807,3 миллион сомонӣ маҳсулот бароварда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 фоиз зиёд аст. Ғ. Бобозода афзуд, ки соли сипаригашта ҳаҷми гардиши моли чакана дар ҳамаи соҳаҳои савдо нисбат ба соли 2007 — ум 13,5 фоиз зиёд шуд. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои мавҷуда 4033,6 миллион сомониро ташкил намуда, нисбати соли 2007 -ум 1,6 маротиба зиёд шудааст. Сатҳи таваррум дар ин давра 11,8 фоизро ташкил дод. Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар бораи фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар соли гузашта ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2009 ибрози назар намуданд.