САДДИ РОҲИ МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ

Январь 12, 2009 16:30

Хоруғ, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).-  Идораи назорат аз болои стандарти давлатӣ, метрология ва назорати савдои ВМКБ Бадахшон бо мақсади пешгирӣ аз ворид гардидани маҳсулоти пастсифат дар марзи байни Тоҷикистону Афғонистон озмоишгоҳи ташхиси маводи истеъмолиро таъсис медиҳад,- гуфт дар сӯҳбат ба рӯзноманигорон сардори ин муассиса Пайшанбе Абутробов.  Пайшанбе Абутробов иброз дошт, ки идораи Тоҷикстандарт ба хотири пиёда гардондани ин нақша ба маблағи беш аз сад ҳазор сомонӣ ҷадидтарин таҷҳизоти махсусро харидорӣ намудааст. Ин таҷҳизот дар бозорҳои Ишкошим, Тем ва Рӯзвай гузошта мешавад. Сардори идораи вилоятии назорат аз болои стандарти давлатӣ иброз дошт, ки чунин дастгоҳҳо дар бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят низ паст карда мешавад. — Насби таҷҳизотҳои нав маънои онро  надорад, ки ташхиси маводи истеъмолӣ то ин вақт ҷараён надошт,- гуфт Булбул Имомназаров,- сардори бахши ташхиси маводи ғизоии ин идора. Соли 2008 дар лаборатория 424 намуди маводи ғизоӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд, 24 намуди он аз муомилот бароварда шуд, зеро бори талаботи стандартиро набардошт.

Январь 12, 2009 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид